Баргузидаҳо
Додгоҳи TALCO
Барқ ва об
Метрои Душанбе?
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Панҷшанбе, Ноябр 20, 2008 Соат ба вақти Душанбе 21:40
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Real Audio
Windows Media
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Гуфтугӯ бо Бармак
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Иқтисодиёт
Асари ҳамагонии бӯҳрони молии ҷаҳон
10.04.2008
Фарҳоди Милод
Биноъан ниҳоди байнулмилалии молӣ пешбинии худро аз рушди иқтисодии ҷаҳон ислоҳ ва камтар кард. Аммо Иёлоти Муттаҳида мухолифати худро ба ин изҳороти Сандуқи Байнулмилалии Пул эълом дошт. Аммо Сандуқи Байнулмилалии Пул ҳушдор дод, ки ҳамаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Шӯравии пешин аз вазъи баамаломада зарар хоҳанд дид.
Дар гузориши Сандуқи Байнулмилалии Пул гуфта мешавад, ба ин кишварҳо таваррум, қарзҳои миёншикан ва дар баъзе ҳолатҳо набуди моли зарурӣ таҳдид мекунад. Сабаб ин аст, ки рушди минтақа ҳамвора аз ҳисоби кишварҳои Ғарб равона буд, ки соли гузашта ба ҳисоби миёна дар Ҷомеаи давлатҳои муштаракулманофеъ ҳаштуним дарсадро ташкил дод.
Дар зимн рушди кишварҳои Аврупои Шарқӣ аз давлатҳои шуравии пешин дида бештар ба сармояи беруна бастагӣ дорад, зеро сармояи Амрико ва Аврупои Ғарбӣ ба ин ҷо зиёдтар ворид мегардад. Аммо рушди онҳо, аз ҷумла аъзои нави Иттиҳоди Аврупо ва Туркия низ то 5,8% поён рафтааст ва ба онҳо низ хатари шароити нав таҳдид мекунад. Аммо дар саросари минтақа беқурбшавии пул ба далели афзойиши маош, корҳои сохтмонӣ ва дар кишварҳои муштаракулманофеъ адами сиёсатҳои макроиқтисодӣ дар ҳоли болоравист.
Дар Русия, бузургтарин фурӯшандаи энержии ҷаҳон, беқурбшавии пул дар моҳи феврал 13 % ва дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Украина 20 %-ро ташкил додааст. Дар ҳоле ки рушди минтақа бо воридшавии сармоя тақвият меёфт, эътимоди қавӣ ба қарз акнун мушкилзо ба назар мерасад.
Дар Аврупои Шарқӣ бозори қарз ба далели мушкилоти бонкҳои муассис дар Ғарб шояд осебпазир гардад, ҳарчанд бештари онҳо дар кишварҳое ба монанди кишварҳои Скандинавия, Австрия ва Италия ҷойгиранд, ки вазъи бӯҳронии қарзиро ба осонӣ аз сар гузаронданд. Сандуқи байнулмилалии пул бӯҳронро дар ин кишварҳо зиёд амиқ наменомад.
Низоми бонкии онҳо тафтиши қудрат ва тавонии қарзгирандаҳоро ҷиддан ба роҳ мондаанд. Аммо дар Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ як қатор суолот мавҷуданд, ки оё бонкҳо зарфияти маълум кардани имкониятҳои қарзгирии мизоҷонашонро доранд ё на. Ин давлатҳо ба рангорангии фаъолиятҳои иқтисодӣ ва бурунрафт аз тобеияти ашёи хом, ба монанди нафту газ эҳтиёҷ доранд ва ин ҳам танҳо бо роҳи беҳ кардани иқлими соҳибкорӣ, ки қонунгузориҳоро барои сармоягузории хориҷӣ сода мекунад, ба даст хоҳад омад. Албатта, дар ИДМ қимати гарони нафту амвол ҳамоно бояд қавишавии иқтисодро таъмин кунад, аммо иқтисоди заифи ҷаҳонӣ ва рушди оҳистаи имкониятҳо қарздиҳӣ ба пешрафти иқтисод халал хоҳад расонд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Навиштаҳои дигари муаллиф
Омӯзгорони афғон ихтисоси худро такмил медиҳанд
Узбакистон "ЕврАзЭС"-ро тарк мекунад
Дидори Ҷорҷ Крол аз Тоҷикистон
Интихоботи ИМА: Пайгирии мустақим аз Душанбе
Дидори масъули СБП бо Эмомалӣ Раҳмон
Матлаби бештар
Тозатарин матолиб
Қаҳтие, ки ҷони миллионҳоро рабуд
Роҳзанҳои баҳрии асри 21
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Бозор Собир 70-сола шуд
Озодтарин баён дар Осиёи Марказӣ аз нигоҳи сафири ИМА
Пурхонандатаринҳо
Истирдоди бародари Ғаффор Мирзоев
Ҳиҷоб, ё либоси миллии тоҷикӣ?
Тақозои Интерпол дар мавриди "Хӯ-ҷа-командир"
Қаллобии якмиллиондоллара
Оғози сафари ҳоҷиёни тоҷик ба Макка