Ҷаҳон

Шартҳои шаҳрвандии Русия

07.04.2008

Дар як соли ахир ба даст овардани табаъияти Русия барои муҳочирони корӣ аз кишварҳои Шӯравии собиқ осонтар шудааст.

Тибки қонунҳои имрӯзаи Русия ҳар шаҳрванди кишвари ҳамсуде, ки дар қаламрави Русия ба сар мебарад ва бо коре таъмин аст, метавонад шаҳрванди ин кишвар шавад. Ба ин хотир давлати Русия қонунҳои худро сода тар кардааст. Барои мисол шаҳрвандони кишварҳои муштаркулманофеъ асноди заруриро таҳия мекунанд, ба хадамоти муҳоҷиратӣ месупоранд ва баъд аз 6 моҳ муҳоҷир шаҳрванди Русия мешавад. Аммо дар миёни муҳоҷирони кишварҳои ҳамсуд шаҳрвандони Қирғизистон тибқи қарордоди байни ду кишвар табаъияти  ин кишварро дар мудати 3 моқ ба даст меоранд.
 
Эмил, корманди консулгарии Қирғизистон дар Маскав, дар ин бора чунин мегуяд: «Чунин аст, ки шаҳрвандони Қирғизистон асноди заруриро мисли дигар шаҳрвандон ҷамъ оварда, ба мо месупоранд. Аммо вақти гирифтани поспорт 6 моҳ не, балки 3 моҳ аст». 
 
Ба гуфтаи коршиносон, ба сабаби коҳиши аҳоли давлати Русия қонунҳои ҳудро барои ҷалби муҳоҷирон осон сохтааст. Ва ҳар сол давлати Русия барои муҳочирон барои ба даст овардани табаъият ҳадди нисоби бештар ҷудо мекунад.
 
Ҳамчунин табаъияти  Русияро донишҷӯёне, ки донишгоҳҳои олии Русияро хатм мекунанд, метавонанд ба даст биёранд ва соҳиби кори хуб шаванд. Абдулқодири Ализода, забоншинос ва муҳоҷири тоҷике, ки дар Русия кор мекунад ва табаъияти  Русияро ба даст овардааст, мегуяд: «Нисбат ба дигар шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд барои тоҷикон ба даст овардани табаъият осонтар аст. Кас бояд поспорти худро аз Тоҷикистон аз қайд барорад, шаҳодатнома дошта бошад, аз ташхиси пизишкӣ гузарад – бо ҳамин тамом – ӯ метавонад асноди ҳудро барои дарёфти табаъият бисупорад. Агар асноди шаҳрвандро қабул кунанд, ӯ метавонад пас аз 6 моҳ шаҳрванди Русия шавад». 
 
Аммо мушкилоти аслӣ дар ин замина, яъне ришвахорӣ, ҳамчунон боқӣ мондааст. Аз ин кормандони муассисаҳои зидахли Русия ҳам дар Маскав ва ҳам дар шаҳрҳои дигари кишвар аз ҳисоби муҳочирони хориҷӣ, ба вижа аз шаҳрвандони шӯравии собиқ, даромади зиёди ғайриқонунӣ ба даст меоранд. Муҳоҷирони тоҷик низ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. 
 
Корафтодагон мегӯянд, нисбат ба Маскав ва дигар шаҳрҳои бузург гирифтани шаҳрвандӣ дар вилоятҳову шаҳрҳои дурафтода ва камаҳолӣ содатар аст. Ҷумабой, як муҳоҷири тоҷике, ки дар Маскав, бозор, кор мекунад, мегӯяд, ки барои табаъияти  Русияро ба даст овардан, бояд ба дигар минтақаҳои Русия биравӣ ва аз 20 000 то 30 000 рубл ришва бидиҳӣ.
 
Ба даст овардани табаъияти  Русия дар шаҳрҳои бузурге чун Маскав ва Санкт-Петербург пули зиёд зарур аст. Ин пул ба таври конунӣ барои дарёфти шаҳрвандӣ пардохт намешавад, балки ба ришвахорон дода мешавад. Шаҳрвандони тоҷик чунин маблағ надоранд, бинобар ин аксари онҳо кӯшиш мекунанд табаъияти Русияро дар минтақаҳои дури ин кишвар ба даст оранд. Дар ин минтақаҳо, ба гуфти корафтодагон, ба ҷуз аз сарфи маблағи камтар, ҳар хоҳишманд метавонад зудтар ва бидуни саргардонӣ соҳиби шиносномаи Русия шавад.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Samir
10.04.2008 20:33

Ин масоли аз як тараф барои миллати точик кор ва фаолиятро дар руссия осонтар намояд аз тарафи дигар проблемаи чиддиро дар Точикистон ба аммал меорад зеро бо осонтар дарефти шахрванди дар Руссия , Точикистон метавонат пурра аз мутахасисони пуртачриа ва е бади донишкада корчалон ва професиионал махрум гардад зеро аз ин амл бо хатми донишкадахои Руссия донишчуени Точик шахрвандии Руссияро кабул карда ба ватан бар намегарданд инчунин дигар одамони пуртачриба ва професионнал тарки точикистон мекунан бо умеди кабули табаъияти рус ва кору зиндаги хубтар Оиди ин масъала боят хукуматдорони Точик фикур кунанд ва пеши рохи ин проблемаи дар пеш омадаро гиранд зерро окибати ин масала ногувор аст Проблемаи пурра аз байн рафтани мутахасисон дар хар як сохаи давлат меорад бахусус маориф ва Тиб ин боиси он мешавад , ки точикистон акнун на танхо аз сохаи иктисоди балки аз сохаи набудани мутахасисон да республика аз дигар давлатхо хорич зависимый мегардад


Ном: ghj аз: ZXC
09.04.2008 18:12

Barodaron Daler va Porsi aziz
In khabarnigoroni radioi ozodi fikr kunam fakultai sharkshinosiro tamom kardaand va beshtar vojahoi arabiro ba kor mebarand
Barodari aziz Daler ofarin bo in vojahohoyat


Ном: neon
09.04.2008 09:25

population in russia is decreasing and work force is needed there as too many of them are old...
young people in russia dream about being at least gastarbeiters in europe or any other western country while young people in Central Asia dream about working in russia


Ном: bbs аз: U.S.A.
08.04.2008 02:36

khelo kori kub shud -
digar tojikhoi az dast hamzaboni bad khalosi efta ba nazdi dukhtarhoi khushrui rusho kuch mebandand--ozodona kor mekunand
ozodona namoz mekhonand ammo dar vanati khudashon masjidhoro mebandand -
bubin rus ho moro talab dorand....


Ном: Далер аз: Душанбе
07.04.2008 21:29

барои радиои озоди:
шахрванд=табаъият
поён=ахир, хатм
рафтагон=мухочирон
кухна=собик
аз руи=тибки
вале, балки=аммо
шиноснома=паспорт
дилгарм=чалб
озмоиш=ташхис
душворихо=мушкилот
ба вижа=яъне
пул=маблаг

Умед дорем, ин навиштани шумоёнро фахсотару осонтар хохад кард.


Ном: Порс аз: Душанбе
07.04.2008 21:14

Дуруд ба Радиои Озоди,

Мехостам бигуям ки дар ин тозахои худ кушиш кунед то аз вожагони худамон, Порси, ба кор баред. Аз чандин тозахои шумо дидам ки руз аз руз, бештару бештар, вожахои този (араби) ба кор мебаред. Забони Порсиамон ширинтару осонтару фахмотар аст. З-ин ру кушиш ба харч дихед то аз вожагони зебои худамон кор бубаред.

Пируз бимонед.


Порс.

Шарҳҳо 1-6 (of 6)