Тоҷикистон

Хона дар Душанбе арзон мешавад?

Ин сохтмон дар Душанбе нест, балки дар Торонтои Канада аст.

03.04.2008

Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати коҳиш додани қиммати манзил дар пойтахти Тоҷикистон тарҳи наверо руи даст гирифтааст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе гуфт, ҳукумати Душанбе бо ин мақсад низомномаи ҷалби сармоя ба сохтмони манзилро ба тасвиб расонидааст, ки он имкони саҳмгузории сокинони пойтахти Тоҷикистонро ба сохтмони манзил фароҳам месозад. Вай гуфт, шаҳрвандон тибқи ин низомнома қаблан ба сохтмони манзил сармоягузорӣ намуда, бо нархи арзон баъди анҷоми сохтмон соҳиби хона мешаванд.

 

Ба гуфтаи оқои Саидов, ҳар кас, ки мехоҳад, хона харидорӣ кунад, бо идораи сохтмони шаҳрдории Душанбе шартнома баста, 50 дарсади пули хонаро қаблан ба суратҳисоби махсуси шаҳрдорӣ месупорад ва 50 дарсади боқиро баъд аз анҷоми сохтмони манзил давра ба давра пардохт хоҳад кард.

 

Оқои Саидов афзуд, арзиши ҳар хонаро идораи сохтмони шаҳри Душанбе пас аз хулосаи Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон муайян мекунад ва баъд аз анҷоми сохтмон  сармоягузор соҳиби манзил хоҳад шуд.

 

Чунин иқдоми шаҳрдорӣ дар ҳолест, ки дар ин шаҳр қиммати манзил сол аз сол гарон мешавад. Агар соле пеш қиммати як хонаи дуҳуҷрагӣ дар биноҳои баландошёнаи пойтахти Тоҷикистон 20 ҳазор доллари амрикоӣ буд, алъон қиммати он як баробар афзуда, ба 40-50 ҳазор доллари амрикоӣ расидааст. Қимати хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Душанбе аз 90 ҳазор доллари амрикоӣ бештар аст ва баҳои як ҳавлӣ аз 200 ҳазор ҳам зиёд аст.

 

Коршиносон мегуянд, чунин тадбири шаҳрдории Душанбе наметавонад қиммати манзилро поин бибарад. Ба қавли таҳлилгарон, сохтмонҳои манзил дар баробари мардуми беманзили Душанбе ниҳоят кам будааст ва талаботи аҳолиро бо хона таъмин намекардааст. 

 

Беҳзоди Исомуддин, таҳлилгари мустақил мегуяд, хонаҳое ки шаҳрдорӣ месозад қиммати баланд доранд, ва сокинони камбизоати Душанбе имкони хариди онро надоранд. Оқои Исомуддин мегуяд, қиммати як хонаи дуҳуҷрагӣ аз руи лоиҳаи шаҳрдорӣ аз 70 ҳазор доллари амрикоӣ баланд асту ҳаҷми миёнаи маош дар кишвар 30-40 доллар аст. Ба гуфтаи ӯ, аз ин сабаб хариди чунин манзилҳо, барои аксар шаҳрвандони тоҷик дастнорас боқӣ мемонад. Таҳлилгарон мегуянд, афзоиши аҳолӣ ва талабот ба манзил дар баробари кам бунёд шудан ё аслан сохта нашудани манзилҳои истиқоматӣ боиси боло рафтани қиммати манзил дар Душанбе шудааст.

 

Шаҳрдории пойтахт дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Душанбе 8 бинои нуҳошёнаи манзилӣ сохта ва ба истифода дод, қиммати ҳар як метри мураббаъи ин манозил аз 400 доллари амрикоӣ  бештар будааст. Коршиносон мегуянд, ба истифода додани ин биноҳо арзиши манзилро дар Душанбе коҳиш надодааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ном: roma
19.04.2008 03:56

yAK CHIZI DIGAR HAMIN KI HAMIN KHABARHORA DAR DARUNI TOJIKISTON ROH NAMEDIHAND BAROI CHI ?
Is there any one who can axplain it please?


Ном: dushanbe аз: dushanbe
19.04.2008 03:54

DAR KHOKU OBI TOJIKISTON SADKA!!! RUZE MARASAD KI TOJIKISTON AZ NAV BA SHUKUFTAN MEDAROYAD

SALOMAT BOSHED


Ном: azizsho аз: qohira
08.04.2008 04:27

in yake az alomatoi ruzi qiyomata ki qimati meshavad






Ном: Nigina аз: United Kingdom
07.04.2008 20:04

As far as I know Tajikistan is a poor country, why? Because the Prezident hasnt got a clue how to run the country, he should go, he made his millions.
Ordinary people can not afford to pay the amount they talking about because they just do not earn enough to repay an any case. It is Tajikistan not Russia. Go on Imomali Rahmon rob the people like you usually do.


Ном: ТОЛИБЪИЛМ аз: душанбе
04.04.2008 18:40

Ассалому алайкум.ман як чанд сухан дорам мехохам гуям.боло равй нархй орд гушт ва дигар махсулоти зйндагй сабабаш ин аст,ки аз вакте ки ТАНЗИМ шудааст ва ХАЙР манъ шудааст Аллох таъоло Рахматй худро аз болой Точикистон бардошта аст бародаронй азиз худи шумо назар кунед ки дар 25 соли охир инкадар сармой сахт наомадааст ва мо сармой вазбинеро паси сар кардем холо бахорй кам борон.хами кадар кифоя САБАБ анахаминаст чихеле дар боло кайд кардем.


Ном: Фаридун аз: Душанбе
04.04.2008 10:07

хонасози ва хонахари ин кори вазирони точик аст, ки байни худ дар паи сохтмони касрхои бошукух мусобика мекунанд


Ном: Kaktus аз: Dubai
03.04.2008 16:40

Ба (совхози) Саидчон Назаров,
Дустам, магар Президент онро имзо карданд? То чое, ки ман медонам, руи Банди 9 ё 10 дар бораи гаравмонии замин бахс бархеста буд ва Раиси Чумхур он Конунро имзо накарда буданд. Агар, имзо кардааст, лутфан мегуфтед кай ва ин конун аз кай боз ба ичро даромадааст.


Ном: Саидчон Назаров аз: Душанбе
03.04.2008 16:16

Ба Kaktus
Кактуси азиз парлумони Точикистон конун дар бораи ипотекаро мохи декабри соли 2007 кабул кард ва раисчуумхури кишвар онро имзо гузоштааст.


Ном: Kaktus аз: A-320
03.04.2008 13:59

То чое, ки ман медонам, то ба хол дар Точикистон "Конун дар бораи Карзи хонахари" (Закон об ипотечном кредитовании) вучуд надорад. Бисёр масъалахо хастанд, ки рохи халли онхо дар хеч кучо дарч нагардидааст. Фарз кардем, ки хангоми имзои шартнома киммати хона 50 хазор доллар таъин шудааст:
1. Агар киммати манзил хангоми ба дасти харидор расидан 10 баробар гарон шуда бошад, ё шартхои шартнома бетаъгийр мемонанд ё рохи дигар?
2. Агар киммати манзил 10 баробар арзон шуд, чи?
Гумон накунед, ки ман масхара мекунем. Бинед, аз чихати сиёси кишвар мустаъкил нест, ва бузургони сиёсати чахон метавонанд хар балоеро сари кишвар оранд, дар ин мавридхо нархи манзилу замин аз осмони хафтум хам омада дар хоки сиях мезанад.

Ин гуна омилхое, ки бояд фикрашро кард хело зиёдан. Барои хамин, аввал конун даркор. Баъд системи пуливу бонкии мустахкам, ки кафолатдихандаи ин гуна икдомот бошанд.

Ва умуман, кадом зиёи бечораи точик, ки бо 5-6 фарзанд хукуки мохонааш 30-40 доллари амрикост, кудрати ин гуна кредитро дорад?

Ба фикрам дастандардорони ин ташаббус аз Мирих (Марс) афтодаги. - Одамхои замини не.


Ном: Ахмад аз: Душанбе
03.04.2008 13:31

Хонаи худи Убайдулоев чанд пул меистода бошад?

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ҳаҷми матн