
Рангин Додфар Спанто, вазири умури хориҷаи Афғонистон гуфт, роҳбарони имрӯзаи Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон гомҳои бисёр мушаххасеро ҷиҳати тақвияти пайванди ин се кишвар мебардоранд ва ҳоло, ки роҳи оҳан то сарҳади Ҳирот аз сӯи давлати Эрон оварда шудааст, Афғонистон тасмим дорад, онро то марзи Тоҷикистон идома бидиҳад.
Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, тақвияти ҳамкории ин се кишвар барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва идомаи муносибот дар доираи созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ низ боаҳамият аст ва ҷиҳати анҷоми тарҳҳои сохтмони роҳи оҳан ва хутути баландшиддати барқ ва ҳамин тавр, истифода аз манобеи энержӣ аз сармояи хориҷӣ ҳам истифода мешавад.Дар иҷлоси вазирони хориҷа мавзӯи нишасти сарони ин се кишвари форсизабон низ мушаххас шудааст. Аммо таърихи баргузории ин нишаст, ки интизор мерафт, дар арафаи ҳамоиши сарони кишварҳои узви созмони Шонҳой дар Душанбе дар моҳи август сурат бигирад, мушаххас нашудааст.
Бар хилофи тавофуқи қаблӣ, дар ин нишаст Шӯрои иқтисодии кишварҳои форсизабон низ ташкил наёфт. Ва нишаст бо эъломи омодагӣ ҷиҳати Шӯрои ҳамоҳангсозии миллӣ ва он ҳам дар сатҳи муовинони вузарои хориҷӣ иктифо кард. Дар рӯзномаи нишаст эҳтимоли ширкати президенти Тоҷикистон дар маросими ҷамъбасти иҷлоси вузарои хориҷӣ дар Душанбе таъкид шуда буд, вале раисҷумҳур дар ин маросим ширкат накард.
Ҳамчунин замони оғози фаъолияти телевизони муштараки се кишвари форсизабон низ то мулоқоти руасои ҷамоҳири ин кишварҳо номуайян боқӣ мемонад. Аммо, қарор шуд, нишасти навбатии вузарои хориҷии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар Наврӯзи соли оянда дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баргузор шавад.