Ҷавонон

Эстрадаи тоҷик: аз Наврӯз то Наврӯз

21.03.2008

Бузургтарин интизоре, ки мухлисон дар ин як соли гузашта аз Наврӯз то Наврӯз аз эстрадаи тоҷик доштанд, бароварда нашуд.

Манижа

Аммо сад ҳайф, ки садои Манижа аз саҳафоти чанд нашрия, ки бо ӯ мусоҳибаҳои пурсарусадо ороста буданд, дуртару фаротар нарафт ва консерти ду сол пеши вай дар Афғонистон, ҳамчунон ҳамчун охирин намо, ва аммо чӣ намои дурахшон ва барҷастаи ҳунари Манижа дар ёдҳо боқӣ мемонад.Чи қадар мардум интизор дошт, ки Манижа баъди як соли хомӯшӣ танҳо бо як бозгашти худ бақияро ба як нӯл хоҳад зад ва дубора ба курсии подшоҳии кишвари эстрадаи тоҷик хоҳад нишаст.  
 
 
Аз кудумин сафар?

Дар ғайби Манижа дигар ҳама дидаи умед ба сӯи Шабнами Сурайё дӯхта буданд, ки оё имсол аз хонандаи таронаи ғулғулаафкандаи “Аз кудумин сафар?” чӣ ба даст хоҳад омад.
 
Дар як соли пеш пуршунавандатарин тарона дар Тоҷикистон шояд ҳамин таронаи Шабнами Сурайё буд.
 
Шабнам имсол ҳам кӯшиш кард, дар ҳавои ҳамин таронаи “Аз кудумин сафар?”-аш ва низ ҳамроҳ бо ҳамон гурӯҳи рақсии “Падида”, ки дар ҷаҳонгир шудани “Аз кудумин сафар?” баробари Шабнам нақш доштанд, як таронаи дигар иҷро кунад.
 
Албатта, бо ин умед ва шояд бо итминон, ки шуҳрати таронаи “Лаби ёр”-аш низ ба монанди таронаи “Аз кудумин сафар?” ҷаҳонгир мешавад. Вале истиқболи нисбатан мӯҳтотонатари мухлисон аз ин тарона ин ҳақиқатро бори дигар собит мекунад, ки набояд худро ду дафъа ба як об зад. Аз хонданҳои Шабнами Сурайё имсол баръакс таронаи ороми Тика-тикааш бештар маъруфият дошт. Гуфтанист, дар асл, ин тарона моли овозхони маъруфи афғон Амирҷони Сабурист, вале Шабнам бо иҷрои занонааш ба ҳусни ин тарона ҳусни нав замм кардааст.
 
Пайравҳои эрониҳову афғонҳо
Хондан дар пайравӣ ба овозхонҳои маъруфи эрониву афғон дар ин як соли гузашта барои ҳунармандони тоҷик гӯё мисли як мӯд буд. Фарзонаи Хуршед, хоҳари Шабнами Сурайё, ки таронаи “Гардӣ-гардӣ”-аш вирди забонҳост.
 
Аз ҷумла ситораҳое, ки имсол босуръат касби маъруфият карданд, якеаш Ҷонибек, фарзанди овозхони саршиноси тоҷик Ҷӯрабеки Мурод аст. Ҷонибеки Мурод низ бештар аз овозхонони афғон, ба хусус, аз Фарҳоди Дарё тарона мехонд ва тайи як соли гузашта аз Наврӯз то Наврӯз ин таронааш, ки ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё иҷро кардааст, хеле пуршунаванда буд.
 
Албатта, овозаи “Муъини тоҷик” - Суҳроби Сафарзод ҳолиё дигар бад-он пояе нест, ки чанд сол пеш замони бо як силсила таронаҳои он овозхони эронӣ вориди саҳна шуданаш мушоҳида мекардем. Дар соли гузашта мебинем, ки Суҳроб аз Мӯъин як каме фосила гирифта, бештар ба сабки ҳиндӣ майл доштааст. Сабки ҳиндии ӯ махсусан дар таронаи "Дил шикасти"-ияш дида мешавад.
 
Римейк

Анъанаи римейк ва ё аз нав хондани таронаҳои чанд даҳсола пеш маъруф, вале баъдан фаромӯшшударо ибтидо Сироҷиддини Фозил (Атлас) ва сипас Нигина Амонқулова (Дар лаби обе) ҷони дубора дамиданд.

Нозия ҳам таронаҳои падари фақидаш Кароматулоҳи Қурбонро иҷро кард ва ҳам чанд тарона аз филмҳои маъруфи солҳои ҳафтодуми садаи гузаштаро. Аввал сабзак лаби ҷӯ буд ва баъд як таронаи дигар аз филми “Парвоз”, ки бо шарофати Нозия ҳолиё дар сархати пуршунавандатарин таронаҳои тоҷикӣ қарор гирифтааст.

Нозияи Кароматуллоҳ, фарзанди овозхони фақид Кароматуллоҳи Қурбон имсол албоми нави таронаҳояш бо номи “Парвонаи хаёл”-ро ба бозор даровард. Аммо ҳунари Нозия тайи соли гузашта дар сабки ретро бештар дурахшид. Вале аз Наврӯзи пор то Наврӯзи нав дар сабки ретро касе баробари Нозияи Кароматуллоҳ набуд.
 
Ретрай
 
Аммо наметавон гуфт, ки саҳнаи эстрада комилан дар ихтиёри ҷавонон мондааст. Аз устодони ин саҳна чанд нафар тайи як соли гузашта талош карданд, ин ҳақиқатро, ки “Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад”, собит кунанд.
 
Аз ҷумла Сурайёи Қосим дар баробари фарзандонаш Шабнаму Фарзона, худ низ дасту остин барзад ва ба саҳна баромад. Сурайёи Қосим бо таронаи “Ман масту ман маст…”
 
Ва аммо Маликаи Саид, ки ахиран албоми нави таронаҳояш таҳти унвони “Муҳаббати Малика” нашр шуд, “дар тан куртаи чити қаламӣ” ва “дар дил як ишқи аламсӯз” дигарбора аз худ дарак дод. Маликаи Саид, ки мегӯяд “Дар лабаш хандаи душман гирён” мешавад.
 
Рэп
 
Аз дигар рӯйдодҳои хотирмони соли гузашта, албатта, рэпи тоҷикӣ буд, ки баъди чандин соли дар канораи саҳна ба сар бурданаш, бо як шӯру валвала ва хеле густохона ба майдон даромад ва гӯё мегуфт, даврони Доктор Эмфир дигар тай шуд.
 
Дуруст аст, ки рэпи тоҷикӣ холӣ аз ишкол нест ва бахусус ба матни таронаҳои рэп, ки меъёрҳои забон ва ҳам ҳадди одобро чандон муроот намекунад, ҳамоно зиёд ва дуруст эрод мегиранд. Вале ин сабки хондан ба саҳнаи ҳунари тоҷикӣ таронаи эътирозро овард. Чизеро, ки дар сабкҳои суннатии эстрада хеле ками дар кам мушоҳида мешуд.
 
Ва аз фавҷи бузурги хонандагони рэпи тоҷикӣ ба зудӣ як нафар – Мастер Исмайл – берун омаду бақия хеле пеш гузашт. Мастер Исмоил, ки таронаи “Ғарибӣ”-аш худ як гузориши комил аз вазъи зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст. Хонаводаҳое, ки мардонаш қариб ҳамагӣ ва қариб тамоми тӯли сол дар Русия мардикорӣ мекунанд.
 
Аз Наврӯз то Наврӯз
 
Ва аммо бо ин вуҷуд, ба назари бисёриҳо, як соли гузашта аз наврӯзи пор то Наврӯзи имсола барои эстрадаи тоҷик соли чандон пурборе набуд. Албатта, дар муқоиса бо як соли пеш, ки ба маҳзи соли эстрадаи тоҷик буданаш як фавҷи бузурги ситораҳои нав ва таронаҳои навро ба майдон оварда буд.
 
Бо вуҷуди ҳама деворҳое, ки дар роҳи овозхонони тоҷик бардоштаанд, ба мисли чун қонуни танзими расму ойин, ки ба ҷайби онҳо зарба зад, ва ё манъи истифода аз фонограмма, ки ба иллати камбуди таҷҳизоти хуб иҷрои консертҳоро барои овозхонон мушкилтар мекунад, мухлисон мегӯянд, хонандагони тоҷик қодир ба намои хубтару барҷастатари ҳунари худ ҳастанд. Хусусан агар, мисли Садриддини Наҷмиддин, Баҳроми Ғафурӣ ва Меҳрубони Равшан дастобадаст шаванд.
 
Таронаи ин сегона бо номи “Ту аз манӣ!”, ки ҳамагӣ як дафъа ва он ҳам дар консерте ба шарафи поёни моҳи шарифи Рамазон ва таври зинда иҷро шудааст, инак чанд моҳ боз аз пуршунавандатарин таронаҳо дар Тоҷикистон аст. 
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 27)
Ном: salom аз: 777
07.04.2008 19:00

a mysylmonon man dar taajyb hastam ku charo shymo unqadar hofizora bad migyied naboiad guft ziro,ku dar har davr va zamon umtihoni khydovand hast agar onhoham naboshand mysalmonon khob miustand unho hastand,ku shymo bidor nishavid rostu man dar taajyb hastam,ku charo yak hofiz mitonad khotiru mardym ro ba khydash jam kynad likun yak olum y yak mytakharuju jomuau islomu namitonad khotury onhoro jalb kynad ziro,ku mo mysalmonon dar koramon ekhlos nadorim . ay olimho umryz shymo va mardymaton ro bo un chizho umtihon mikynad va ryzu qeyamat boz shymoro mipyrsad ogoh boshid az un hykymat natarsid shahodat un neamat hast .


Ном: h аз: e
05.04.2008 20:29

Yak hizhoi islomi boshad in mardum murdani nestand xudovand hidoyat kunad hamai moho xalki tojika...........


Ном: abdullo аз: dushanbe
05.04.2008 18:17

salom maniga nest boz yak saroyanda kam, khudo kai i digarosham misli hami аz sahna dur kna, ura 100%100 shabnam qati surayo qosim namondansh neki iyosham аz sahna dur meshavan, khai dustoni giromi i shabnama binen tamoman nasharmida dar televizion chi khel baromad mekuna, guyo ki mo tojiko stribtis tamosho dorem, u koharsha bine dar rasiya raft az u baromadsh ruso tarsidand ruso bedinan izo kashidand oyo mo tojiko ba hami farhangmon mashhurem yo bo islommon ???????


Ном: B.M.S. аз: TJK
05.04.2008 10:34

zin hamrahoni sust anosir dilam irift..
seru khudo vu rustami dostonam orzut..
in ovoz khonhoi tojik 2-3 sol ozov khoni mekunand vaqte ki figuraashon bezeb ki shud bas mekunand to yak odami figunii digar baromadana ..ammo onhoi ki ba tamosho meravand baroi seer gushkuni nameravand..


Ном: толибилм аз: душанбе
05.04.2008 08:33

Ассалом ман я чанд сухане дорам мехохам гуям аввал ин ки хозир сароянда бисёре шудаст ки (туф кунй дар сарй сарояндахо мезанад.дуюм инки мусики харом аст дар Ислом.ин суханонй ман барой шахсоне кй даъвой мусулмонй доранд..


Ном: Tajikboy аз: az USA
05.04.2008 02:38

Hozir dar borai tojikiston dar digar davlatho harf zani hama meguyand ha onjoe ast ki tamoman barq nadorad hamu davlat. SHarmandagi Tojikistonro na ba pesh ba kafo burdaistodaand. UJAS az tojik budani khud sharm medoram


Ном: parviz аз: kulobjon
30.03.2008 13:48

oy manizha ygon sol pas rui sahna meomadaboshad akalan bo umed shem.


Ном: khurshed аз: az TOJIKISTON
29.03.2008 00:02

Salom ba hamai khalki tojik, imruz dar TOJIKISTON karib ki saroyanda nes, chunki yagon saroyanda surud khonda nametavonand, surudhoyashon ma*no nadorand.


Ном: Шифо аз: Маскав
28.03.2008 21:22

Ман ватани худро дуст медорам.Барои чи сарояндагон ба хофизони эрони афгони пайрави мекунанд?намефахмам.Бисьер мехостам дар бораи Нигина Раупова чизе бифахмам аз хурди санаташро дуст медорам.


Ном: UMAR аз: BALJUBON
28.03.2008 18:35

,,,,,,AJAB AZ IN MARDUMI BEKOR,,,,,,,kam meshaved,in hama javru azobi hukumari ,sardii zimistoni imsol az bemasuliyatii in rejim va sadho mushkili digar chitavr shumoro ba taronavu amsoli on vomedoshta boshad,????

Шарҳҳо 1-10 (of 27)
Ҳаҷми матн
Multimedia
К соли эстрадаи тоҷик
Бишнaвед
Берунории садо