Фарҳанг

Наврӯз дар Youtube ва Google

Гугл ҳам бо тағйири ҳуруфи исми худ дар сафҳаи аввалаш Наврузро таҷлил дорад

21.03.2008

Ҳар он чӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Наврӯз гуфтааст, дурӯғ мебошад ва Наврӯз ҳеҷ гоҳ ҷашни форсҳо набуда балки ҷашни мардуми курд аст.

Бо чунин ҳарфҳо ва зери оҳанги зебое муаллифи навори видеоие дар сомонаи интернетии Ютюб менависад, ки форсҳо доир ба ҷашни Наврӯз дуруғ мегӯянд ва далел меорад, ки Заҳҳок - шоҳи хунхори Ошӯриёнро пас аз зулму бедодиҳояш ба зидди мардуми курд Коваи оҳангар кушт, ки ӯ ҳам курд буд.

Аммо назар ба даъвоҳо, доир ба он ки ҷашни зебои Наврӯз аз они кадом миллат аст, бештар ситоишҳо дар васфи ҷашн ва даъват барои иттиҳоди кишварҳоро мебинем, ки зери таронаҳои Наврӯзӣ навишта шудаанд. 

Зери видеоклипе дар ЮТюб, ки дар он Кибриё Раҷабова овозхони тоҷик дар ҷашни Наврӯзи соли 2007 месарояд, баъзе аз бинандаҳо бо ситоиши Наврӯз ба Иттиҳоди кишварҳои форсизабон даъват мекунанд, ки даъватест барои сиёсатмадорон нохушоянд.

Аммо он чӣ ки бинандагон дар Ютюб хушоянд номидаанд, имкони дидани таҷлили Наврӯзро дар кишварҳои мухталифи дунё аст, чӣ дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ва ё чӣ таҷлили он дар Курдистону Қазоқистону, Ӯзбакистону, Қирғизистон ва ё ҳатто Ҷопон.

Аммо барои дидани наворҳои видеоии таҷлили Наврӯз дар ин кишварҳо бояд калимаи Наврӯзро ба ҳар шакл навишт, то акаи Ютюб гумроҳ нашуда ва дуруст онҳоро пайдо кунад.

Агар ба ҳуруфи лотинӣ Наврӯз нависед, рост шуморо ба Тоҷикистон мебарад, вале агар хоҳед ҷашни Наврӯзи Эронро бубинед, пас бояд Norooz нависед. Ва агар ба хатти форсӣ нависед, феҳрасти садҳо навори видеоӣ пеши чашматон ҳувайдо мешавад. 

Бо тағйир додани тарзи навишти Наврӯз, Ютюб шуморо ба Ӯзбакистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мебарад, ки дар он ҷойҳо низ Наврӯзи зеборо бошукӯҳ таҷлил мекунанд.

Аммо Наврӯз дар Ютюб танҳо рақсу бозиву хушҳолӣ нест, балки агар мехоҳед доир ба суннатҳои Наврӯзӣ дар кишварҳои мухталиф пажӯҳише нависед, пас Ютюб низ метавонад, як манбаъи иттилоъ ҳам  бошад. Масалан, як донишманди уйғур шарҳ медиҳад, ки суннатҳои наврӯзии ӯйғурҳо чӣ гунаанд.

Ҳатто фармудаҳои рӯҳониёни Ислом доир ба Наврӯзро, ки ин ҷашн мерос аз замони Зардуштиён аст, метавон дар Ютюб пайдо кард.

Серверҳои азими сомонаи интернетии Ютюб аз наворҳои ин ҳафтсину ҳафтшину сумалаки тоҷикиву афғонӣ холӣ нест ва зоҳиран наворҳои видеоии ба қавле Наврӯзӣ баъд аз чанд рӯзи дигар дар Ютюб бештар хоҳад шуд ва бо иҷозаи шумо бо ифтихору муболиға мегӯям, ки Ютюбро бо гулу сабзаҳои баҳорӣ ва ороишҳои дигари худ зеботар хоҳанд кард. 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: khurshed аз: az vahdat
29.03.2008 00:12

navruz az zardusht mondaast jashngiriiash harom ast


Ном: Falcon
24.03.2008 11:50

Barodaron!
Yak chizro qabul famoed, ki har on kore, ki khub ast mo onro qabul dorem.


Ном: Халимчон аз: Хучанд
24.03.2008 10:48

Инро шумо аз кадом манбаъ гуфта истодаед?
Барои чи А.Фирдавси дуруг гуфтааст?


Ном: точик
22.03.2008 12:16

"Ҳар он чӣ Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Наврӯз гуфтааст, дурӯғ мебошад ва Наврӯз ҳеҷ гоҳ ҷашни форсҳо набуда балки ҷашни мардуми курд аст."

------

Дар мавриди дурустии ин гуфта чизе гуфта наметавонам, лекин ман шахсан чунин назар дорам, ки бештар курдхо ба иди Навруз хаки бештар доранд. Зеро ягон миллату кавме дар дунё ба мисли курдхо иди Наврузро аз сидки дил ва бо тамоми расму русуми кухани он чашн намегирад. Ман чашнгирии Наврузи курдиро тавассути шабакахои чахонии телевизиёни курди тамошо кардаам ва бо итминон метавонам бигуям, ки ин ид дар хакикат моли курдхост, на точику на форс, на дигару дигар.

Наврузчашнгири дар Точикистон танхо намоиши сохтакоронааст. Тавассути телевизиён факат синачунбониву каллашапи мекунанду халос, дар шахру дехот аз руи одати даврони шурави як маъракачаву паради дилбазан мекунанду бо хамин тамом. Мо точикхо на дар хона ва на дар куча Наврузро сидкан чашн намегирем.

Барои дарк кардани фарки Наврузи бузурги курди аз наврузбозихои сохтакоронаи точики шумо метавонед наврузи курдхоро тавассути интернет чустучу карда бубинед ва казоват кунед.

Бох хам Нарвузро ба навруздустон табрик мегуям.


Ном: Хуршед аз: Душанбе
22.03.2008 09:14

Вале, мутаассифона, ягон сомонаи Точикистон сафхаи худро ба ойини наврузй зинат надод.


Ном: Ориёдусти Чингизситез аз: Бухоро
22.03.2008 08:16

Курдхо хам хакк доранд, то Наврузро чашни суннатии худ донанад, аммо гуфтани он ки ин чашн факат мутаалик ба онхост хатост. Онхо ьояд бидонанад ё аниктараш бигуянд, ки мо хам як чузваки олами форси ё худ ориёи хастему хакки ифтихор бо ин идро дорем аммо халкхои турку тозиву дигар мутлако хакки мероси гузаштагони ин идро надоранд харчан тахти таъсири точикон, яъне тойучикон ё худ ориёихои шимоли аз тарзи танатанаи он дар Осиёи Маркази вокиф шудаанд.


Ном: Дуст
22.03.2008 06:45

Матлаби хубе буд ва нигохи тоза. Албатта, ба курдхо бояд гуфт, ки иддаъои масхарае доранд. Чун чи порсу чи курд хар ду эронианд.

Тарзхои гуногуни навишти Навруз: Nowruz, Navruz, Norooz, Nowrouz, Norouz, Newruz, Nouryz, Nouruz...

Шарҳҳо 1-7 (of 7)