Ҷавонон

Аробакашҳо ба президенти кишвар нома навиштанд

19.03.2008

Аробакашҳое, ки дар маркази савдои “Садбарг»-и шаҳри Душанбе ба василаи ҳаммолӣ рӯзгори худро пеш мебаранд, бо ирсоли як нома унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи худ шудаанд.

Ин аробакашҳо мегӯянд, як моҳ аст, ки нозирони умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо гирифтани аробаҳояшон, ки ягона василаи даромад ва пешбурди зиндагиашон мебошад, онҳоро бекор монондаанд. Ба иддаъои онҳо, нозирон ба далели аз роҳи марказӣ гузаштани аробакашҳо ва барои рафтуои сокинон ихлол эҷод кардани онҳо аробаҳояшонро гирифта ҳудуди 50 сомонӣ ҷаримабандӣ мекунанд. Ба гуфти онҳо, дар як ҳамин бозори назди маркази савдои «Садбарг» ҳудуди 200 нафар ба аробакашӣ мушғуланд ва аз дастмузди ҳар яки онҳо дасти кам 5 нафар рӯз мегузаронанд.
 
Хайруллоҳ Назаров, яке аз аробакашҳои инҷо мегӯяд, як ҳафта бад-ин сӯ бекор мондааст ва бо гирифтани қарзи пулӣ зиндагии оилаи иборат аз 6 нафараашро пеш мебарад. Ӯ мегӯяд: «Аробаи ман 10-15 рӯз зиёд шуд, ки муҳкам аст, ва ҳамон 15 сомонӣ маблағе, ки ҳар рӯз даромад доштам, танҳо аз рӯи ҳамин аробакашӣ буд. Бовар кунед, ҳозир фақат бо қарз зиндагӣ дорам, як рӯз аз як нафар мепурсам, ки илтимос 10 сомонӣ бидеҳ – аробаро, ки ба кор баровардам, қарза бармегардонам ва рӯзи дигар аз каси дигар... Ва ҳамин хел аҳвол дорам. Боз модарам бемор дар хона, охир, агар зиндагии мо соз бошад, мо ҳеҷ вақт ароба намекашем. Хулоса маҷбур шудем нома навиштем, ки ба доди мо бирасанд».
 
Маҳмадшариф Гулаҳмадов, нафари дигаре, ки дар ҳамин нуқтаи савдо аробакашӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Як халта орди 50-килоӣ 110 -120 сомонӣ аст, як литр равған – 8 сомонӣ, зиндагӣ мушкил, боз ҳар рӯз рейд карда мебаранд... Аробаҳоро мо аз куҷо меёбем ин қадар маблағ, ки бо 100 200 сомонӣ диҳему аробаро гирем? Намедонем чи кор кунем? Ҳамин рӯз мешаваду омада бор карда мебаранд аробаҳоро бе ягон сабаб...».
 
Аробакашҳо инчунин мегӯянд, ки қаблан низ аз ин чунин бархӯрди нозирони маҳаллӣ ба додситонии кулл ва ҳукумати шаҳр муроҷиъат карда будаанд, аммо то ҳол ба додашон касе нарасидааст. Хайруллоҳ ва ҳамроҳонаш мегӯянд, ягона умедашон акнун раисҷумҳур аст. Вале пас аз ирсоли як нома унвони раиси ҷумҳур нозирони маҳаллӣ дубора онҳоро таҳдид кардаанд: «Дар нашрия чоп шуд номаи мо, аллакай омада тарс медиҳанд моро, ки шумо дар назди қонун ҷавоб мегӯед, мо, иншооллоҳ, ҷавоб мегӯем, мо барои ҳимояи ҳуқуқи худ кӯшиш дорем. Мо ба ягон президенти дигар шикоят накардаем – мо ба президенти худамон арз кардаем, ва ҳуқуқ ҳам дорем барои ин».
 
Ва аммо Асад Наимов, нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур, дар суҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки бар асоси қарори ҳукумати шаҳр фаъъолияти бештар аз 30 аробакаш дар ҳудуди маркази шаҳр мамнӯъ аст ва, аз сӯи дигар, модоме ки мавқеъи ҳуқуқии аробакашҳоро қонунҳои Тоҷикистон ба ҳайси соҳибкори хурд арзёбӣ мекунад, ба онҳо доштани иҷозатнома ва шартнома ҳатмӣ мебошад. Ӯ афзуд: «Патент намесупоранд, шартнома надоранд бо бозорҳо. Ин қарори раиси шаҳр аст, ки дар бозори Шоҳмансур ароба аз 30 бештар набошад».
 
Ҳаммолони атрофи маркази савдои «Садбарг» мегӯянд, ки бо сабаби набуди маблағ наметавонанд мисли дигарҳо дар Русия ҷӯёи кор бошанд ва танҳо умедашон аз ҳамин аробакашӣ аст, ки зиндагиашонро то андозае таъмин мекунад.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 11)
Ном: Баротали аз: Душ
24.03.2008 15:25

Душанбе шахр аст, на кишлок. Ман албатта тарафдори бекор мондани аробакашхо нестам. Лекин аз тарафи дигар, аробакашхо хеле мардуми бетартиб мебошанд. Умуман, бозорохои яклухтиро аз шахр берун кардан лозим аст. Гирду атрофи чунин бозорхо хеле хузнангез аст.


Ном: MUTAMAN аз: DUSHANBE
24.03.2008 15:00

QONUNU QARORHOI HUKUMAT BOYAD BAROI BEHBUDI VAZIYATI MARDUM BOSHAD NA BAROI NONRO AZ DAHONI ONHO KASHIDAN. OXIR MARDUM CHI GUNOH DORAD ? HUKUMAT AZ FAROHAM OVARDANI ZINDAGI BAROI MARDUM OJIZ MONDAAST ,PAS HCARO NAMEMONAD MARDUM BA HOLI KHUD ZINDAGI KUNAND MARDUM AZ SHUMO MAOSH TALAB NAMEKUNAD AMMO MEKHOHAD,KI BA HOLASHON GUZORI.


Ном: Sarbaroh аз: Kylob
24.03.2008 09:27

Ba Xydo Az Xondani in maqola dilam resh resh shys. Nedonam ki charo in noziron berahm ba in kor dast mezanand. Charo In Hykymad ba in bedodgari xotima namegyzorad, Oyo mexohan chor javon marde ki dar kishvar monadast hamonhoro ham ba rysiya ba kyshtani rysho roikynan?. Ba Xydo ki in kashoi ki ba in kor dast zadan ihsosi insoniyat nadoradn va tars az Xydo va murdanro faromysh kardand. Man az Xydo Dyo mekynam ba dodi in bechoraho birasad. Va Janobi Oli xohish mekynand masyliyati xeshro dar peshi Xydo va milat hish namoyad va ba dodi in bechoraho berasad.


Ном: Афсус аз: Душанбе
23.03.2008 13:48

Боре нафахмидам, ки нозирони минтакавии нохияи Шохмансур кисабуреро аз Садбарг е Бозори Шохмансур манъ карда бошанд. Зури онхо факат ба аробакашу савдогаргдони хурде, ки мева ва е нонро берун аз бозор мефурушанд мерасад.
Ин баедолатист. Ин чи давлатдориву шахрдорист, ки ягон вакт хабари хуш ба мо намерасад? Наход, ки аз хамин арбоакашон низ патент пурсем?
Хангоме ки онхо патент месупоранд, давлат бояд ба онхо баъзе имтиезро мухае кунад. Лек афсус ки ин тавр не...


Ном: kulobi аз: dushanbe
21.03.2008 23:55

eeee voyee barodaroni arobakasho ziq nashaved,manam,ki bekoram digar namedonam ki chikor kunam magar bo shumo hamroh shavam va aroba kasham,manam tarafdori shumo,


Ном: aliabos аз: tjk
20.03.2008 19:39

Man dar taajubam ,ki kishvari 6-milyon nafaraye chun TJK chunin holash bad shudsaast ,ki sharofatmadtarin shugli mardumash arobakashi ast.Az harfhoi in barodaroni azizi arobakash dilam resh-resh shud va ba onho faqat haminro guftaniam ,ki :
.....Ey dil,sabur boshu makhur gam ,ki oqibat,
IN shom subh gardadu in shab sahar shavad.
Nan bar in hukumat.


Ном: Бахор аз: ДАНГАРА
20.03.2008 17:54

Соли дигар Президент дар мулокот бо зиёиён дар катори шоирону нависандагон умуман намояндаи фарханг аробакашхоро даъват мекунад ва зиёи хонда мешаванд. Аз ин ки аробакашхо хостори химояи хукуки хеш ва ифшои вазъи бади рузгори мардум шудаанд аз хамон иштирокчиён дида зиёитар мебошанд. Лекин мушовирони раиси чумхур ба ин нома эътибор хам намедиханд ин гурухро одам хам намедонанд .


Ном: СОРБОН аз: ДУШАНБЕ
20.03.2008 16:06

аробахоро пеш кунанд борхоро пуштора мекашонем


Ном: Саъди аз: Хучанд
20.03.2008 11:08

Вакте аробакашу дигар табакахои поёни хам аз Президент имдод чуянд, бегумон сохторхои идории давлатии мо фалачшудаанд...


Ном: Ромиш аз: Душанбе
20.03.2008 09:13

салом!рости баъди хондани ин мавзуъ хело дар хайрат мондам .дар холе ки хукумати кишвар мардумашро бо чои кор таъмин карда наметавонад ,чаро чунин карохои беасос мебарорад.ман фикр мекунам бо ин карорхои худ хукумати шахр боз рохи коррупсияро барои кормандони хифзи хукук боз менамояд.пеш аз судури фармонхо бояд хукумат фикр кунад ки ин мардум бекор монда аз кисаи ки нон мехуранд.Аз кисаи Эмомали Рахмон ё аз Махмадсаид Убайдулойв.

Шарҳҳо 1-10 (of 11)