Иқтисодиёт

"Соли 2015 ба пояи соли 1990 хоҳем расид"

18.03.2008

Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани сатҳи фақр барномаеро рӯи даст гирифта, бар он аст, ки то соли 2015 ба як кишвари рушдёфтаи минтақа табдил меёбад.

Ба таъйиди Вазорати иқтисоди Тоҷикистон, ин барнома сатҳи фақрро аз 57 ба 32 дарсад коҳиш хоҳад дод. Ин вазорат таъкид мекунад, ҳадафи ниҳоии барномаи коҳиши фақр аз байни бурдани буҳрони иқтисодӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ буда, натиҷаи ниҳоиb он баробар намудани сатҳи иқтисоди кишвар дар соли 2015 ба  сатҳи соли 1990 будааст.

Ғафурҷон Расулӣ, сухангӯи вазорати иқтисоди Тоҷикистон мегуяд, тибқи барномаи коҳиши фақри Тоҷикистон ҳаҷми тавлидоти нохолиси давлат ҳар сол 7 дарсад афзоиш меёбад ва рушди иқтисоди кишвар таъмин мешавад. Тибқи иттилоъи Вазорати иқтисоди Тоҷкистон, бар асоси ин тарҳ то соли 2015 ҳаҷми  тавлидоти нохолиси миллӣ 3 баробар афзоиш ёфта, аз  4 миллиард доллари амрикоӣ бештар  мешавад  ва шумори корхонаҳои саноатии 7000 зиёд шуда,  сатҳи бекорӣ то  3 дарсад поин хоҳад шуд.

Барномаи коҳиши фақр ҳатто афзоиши давомнокии умри одамонро ба нақша гирифтааст, ки тибқи он умри тоҷикон дар соли  2015  то ду сол дароз мешавад.

Оқои Расулӣ гуфт, барномаи стротежии паст намудани сатҳи камбизоатиро ҳукумати Тоҷикистон ва парлумони ҷумҳурӣ   тасдиқ карданд.

Иҷроиши ин тарҳ ҳануз дар соли 2001 оғоз шуда бошад, ҳам аммо то кунун ба ҷуз афзоиши ҳамасолаи 7 дарсадаи тавлидоти нохолиси миллӣ ба натиҷаи дигаре нарасидааст. На корхонае боз шудааст ва на сатҳи бекорӣ поин рафтааст.

Таҳлилгарон мегуянд, ҳукумати Тоҷикистон имкони иҷрои ин тарҳро надорад.  Зеро ҷиҳати  иҷрои барномаи коҳиши фақр ба Тоҷикистон 13 миллиард доллари амрикоӣ зарур будааст ва ин кишвар  имкони дарёфти ин  маблағи ҳангуфтро надоштааст.

Давлати Усмон, коршиноси мустақил мегуяд, дар ҳоле Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи Роғун  2 милиард долларро наметавонад аз суи сармоягузорони хориҷи пайдо кунад,  дарёфти 13 миллиард доллар сармояи хориҷӣ номумкин аст. Оқои Усмон мегуяд, «Ман фикр мекунам барномае, ки то соли 2015 рехта шудааст, то як ислоҳоти ҷиддӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои чӣ ҳукуматию чӣ сиёсию иқтисодию иҷтимоӣ эҷод нашавад, то қонунҳои  молии кишвар. монанди қонунҳои андозу дигар, ба қонунҳои байналмиллалӣ мутобиқ нашаванд,  ва то сатҳи фасод дар сохторҳои ҳукуматӣ  ба таври назаррас коҳиш наёбад, ворид шудани ин қадар сармоя ва  амали шудани ин барнома ғайриимкон аст»

Бино бар омори расмӣ, ҳар сол ҳаҷми тавлидоти нохолиси Тоҷикистон ҳудуди 8 дарсад афзоиш меёбад. Коршиносон мегуянд, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад бо ин роҳ нишон бидиҳад, ки иқтисоди ин кишвар ҳар сол мутобиқ бар барномаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ рушд мекунад, Вале нишондиҳандаи  рушди иқтисодии кишвар дар баробари афзоиши сатҳи таварум ночиз будааст.

Тибқи омори расмӣ, соли гузашта ҳаҷми тавлидоти нохолиси Тоҷикистон 7 дарсад афзоиш ёфта, сатҳи таварум бештар аз 25 дарсадро ташкил додааст. Ба гуфтаи таҳлилгарон, кам будани ҳаҷми тавлидоти нохолиси миллӣ дар баробари сатҳи таварум худ аз он бозгӯӣ мекунад, ки вазъи иқтисоди кишвар беҳбуд наёфтааст. 

Абдуҳафизи Мубин, таҳлилгари мустақил мегуяд, дар чунин ҳол наметавон бовар кард, ки иқтисоди Тоҷикистон мутобиқ бар барномаи коҳиши фақр сол аз сол рушд кардааст. 

Коршиносон мегуянд, барномаи коҳиши фақри Тоҷикистон ҳадафҳои иҷронашавандаеро думбол кардааст. Ин барнома бештар ба орзую хаёлҳои хоми давраи тифлӣ шабоҳат доштааст, ки аксар вақт дастнорас мемонанд. 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: Зафар
20.03.2008 14:42

агар дар районхо аз мохи декабр то май барк набошад, ягон корхона кор накунад дар давоми ду мохи охир - аз кучо ин кадар вохима дар бораи рушди иктисодии точикистон???


Ном: hope
19.03.2008 10:37

бо ин сарварони хозира - ба солхои шохигарию гуломдори баргаштан мумкин, умеде нест. шояд рахмон монанди путин ба худаш ягон меросгарро тайор карда истида бошад


Ном: Ахмад аз: Душанбе
19.03.2008 09:29

Дар ин макола дуруггуии хукумати Точикистон маълум мешавад. Мардум ба ваъдахои дуругин бовар накунед!

Шарҳҳо 1-3 (of 3)