Сиёсат

Иҷозаи ҳиҷоб ҳизби ҳокимро ба додгоҳ бурд

15.03.2008

Додситони кулли Туркия аз додгоҳи конститутсионии ин кишвар дархост кардааст, то фаъолияти ҳизби ҳоким дар ин кишвар манъ карда шавад.

Дар ҳоли ҳозир, аъзои ҳизби исломхоҳи Адолат ва Тараққиёт дар бештарини курсиҳои порлумон, дар курсиҳои раёсатҷумҳурӣ ва нахуствазирӣ нишастаанд.

Додситони кулли Туркия ҳамчунин дархост кардааст, то аъзои ҳизби фавқуззикр раисҷумҳур Абдулло Гул, нахуствазир Раҷаб Таййип Эрдуғон ва 69 узви маъруфи дигари ин ҳизб аз ҳаққи фаъолияти сиёсӣ барои панҷ сол маҳрум карда шаванд. Додситони кулл гуфтааст, фаъолияти ҳизби ҳоким дунявияти давлатро, ки аз бунёдгузори он Мустафо Камол Отатурк ба мерос мондааст ва дар сарқонуни кишвар омадааст, зери шубҳа мебарад.

Додситони кулл гуфтааст, қабл аз чунин тасмим фаъолияти ҳизби ҳокими Туркия тӯли ним сол омӯхта шудааст. Ва баҳонаи аслии муроҷиат ба додгоҳи конститутсионӣ ин тасмими ахири иҷозаи вуруди духтарони муҳаҷҷаба ба донишгоҳҳо будааст.

Дар ҳамин ҳол, дар бастагӣ ба ин қазия ҳизби Адолат ва Тараққиёт изтироран нишасте доир карданд, ва иқдоми ахири додситони куллро «ноадолатии бузург дар нисбати Туркия, демократияи кишвар, хоҳиши мардум, сулҳу субот ва обрӯи кишвар дар ҷаҳон» номиданд.

Додгоҳ дар муддати як моҳ бояд ба қароре ояд, ки даъвои додистони куллро барои баррасӣ бипазирад ва ё на.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-9 (of 9)
Ном: Asad аз: New-York
18.03.2008 02:09

Hammai siyosati peshgiriftai sarvari Turkiya durust ast agar, ki ozodi boshad bigzor har kase, ki khohad hijob pushadu har kase, ki nakhohad napushad. Baroi chi mardum nimuryon ba kucha baroyand joiz budastu bo hijob ne ? In ozodiro ba'ze davlatmardon baroi khud qaror dodand, ki to kujoe khohand harf mezanandu amal mekunand ammo baroi mardum in ozodi vujud nadorad.
Har kase, ki dunyoro khohad az rui Qur'on kor kunad burd mekunad va har kase okhiratro khohad az rui Qur'on kor kunad burd mekunad va har kase, ki dunyo va okhiratro khohad az rui Qur'on kor kunad burd mekunad.


Ном: Safar
18.03.2008 01:24

Din qismi judonashavandai jomea hast, ki dar hayoti shaxsii har yak shahrvand muhim meboshad. Baze chizhoe ki davlat qabul va muhim medonad, din ham yake az onho ast ki davlat boyad qabul va etirof kunad, zero davlat baroi mardum va behtar soxtani hayoti harruzai on hast, na in ki mardum baroi davlat.


Ном: ozodgul аз: berlin
17.03.2008 05:07

Iqadar khudovu shariat guften, neki hej peshraft namekuned.


Ном: Али аз: Душанбе
16.03.2008 16:45

Ассалому алайкум.
Ин чои таачуб аст, ки дар Туркия на ба хотири мачбур намудани хичоб балки ба хотири онро ихтиёри мондан хичоб ва духтарони бо имон ва бо хаёро ичозати дарс хонаднро додан дар донищгоххо ба додгох кашида мешаванд. Агар Амрико ва давлатхои Гарб дар хакикат демокртия мехостанд пас чаро давлати Туркияро тарафдори наекунанд? Ин хакки пурраи мардуми мусулмон аст бисёр чои тааччуб аст, ки бандагони Худоро дар замини Худо хакки риояи конуни Худоро надиханд. Ин берун аз инсоф, демократия ва поймол намудани озодихои инсон аст. Худованд барои хаами мусулмонон рохи халосиро аз ин ашхоси ба ном демократ халос кунад.


Ном: Далер
16.03.2008 09:34

Ба ин "демократия" мегуянд. Додситон харфи худашро мегуяд, давлат вокуниш нишон медихад, додгох фикр мекунад, ки оё ин бахсро баррасй кунад ё на. Дар Точикистон чунин чизро метавон тасаввур кард? Шухй накунед, ако!

Вале мавзуъи тасмими додситонй хандадор аст. Дар садаи 21 хануз бахс бар сари каллапуш аст. Калла моли хар касе хаст, пушондан ё напушондани он хам ба ухдаи хаму бояд бошад. Дар ин чо "демократияи туркй" мелангад.


Ном: Bezhan
15.03.2008 20:26

Hukmi durust ast, boyad din az davlat judo boshad, mazhab ba dunayaviyati davlat khatar dorad.
Ozodandeshi behtarin neemati insonist


Ном: Ahmad аз: dushanbe
15.03.2008 15:42

man haeron hastam ki dar baze davlatho musulmononro bo terorist va ziddi demokratiya tuhmat mekunand va agar dar davlate ki mardum hizbi musalmonhoro bo khohishi khud va bo ovozi baland intikhob bikunand va bo demokratiya .
va musalmonho bo loi qudrat bioyand va kofirho digar iloh nayoband ba harguna bohnaho onhoro hukm mekunand.
ba Khudo qasam in aeb ast baroi dodsitoni inguna davlatro ki mardum onhoro hokimi khud tain bikunand va digaron bioyand ba bazuri sohobi davlat bishavand in yak akhmaqist


Ном: ali аз: dushanbe
15.03.2008 14:53

pushidani hojob ba ihtiyori har shahs hudash ast.


Ном: umar аз: jokarta
15.03.2008 11:34

Ba fikri man in iqdomi dodsitoni kulli turkiya iqdomi nomuvaffaq meboshad zero mardumiyati otaturkiho dar turkiyo ruz to ruz kohish yoftaistodaast.

Шарҳҳо 1-9 (of 9)