Тоҷикистон

Кӯмаки Узбакистон ба кӯдакони тоҷик

Кӯдакони нобинои парваришгоҳи Душанбе дар 28 феврали соли 2008.

28.02.2008

Кӯдакони нобинои Душанбе аз ғизои рӯзона маҳруманд ва ҳукумати Тоҷикистон ба як кудаки ин парваришгоҳ рӯзе ҳамагӣ 90 дирам харҷ мекунад.

Ғоиб Шоев, мудири ин парваришгоҳ мегӯяд, бинобар камбуди барқ, аксари утоқҳои парваришгоҳи мазкур сарду тор монда, онҳо имкони омода кардани ғизои рузонаи кӯдакони нобиноро надоранд. Ба қавли оқои Шоев, кӯдакони ин парваришгоҳ  ҳамакнун то нисфирӯзӣ дар утоқҳое, ки аз нури офтоб рушан мешаванд, ҷамъ меоянд ва баъд боз ба хонаҳои наздиконашон фиристода мешаванд. Оқои Шоев афзуд, як моҳ қабл ба ҳукумати ноҳияи Сино ва идораи ширкати Барқи тоҷик, ҷиҳати бо барқ таъмин намудани парваришгоҳ муроҷиат карданд, вале онҳо дар посух гуфтанд, то ҷашни Наврӯз ба онҳо барқ интиқол дода наметавонанд.

Акбар Каримов, як кудаки нобинои парваришгоҳи мазкур мегӯяд, бо сабаби адами барқ ва сардӣ ҳамсабақонаш аз дарсҳои худ маҳрум шуда, 30 нафари  онҳо бемор шудаанд ва дарсҳои онҳо ба таъхир афтодааст.

Роҳила Шарифова, як масъули ин парваришгоҳ мегӯяд, аз тариқи 

телевизиону радио мешунаванд, ки чандин кишварҳо ба мардуми Тоҷикистон, кӯмакҳои зиёд расонидаанд, вале мақомот то кунун ба кӯдакони ин парваришгоҳ, ки ба ин гуна кӯмакҳо аз ҳама беш ниёз доранд, ҳеҷ чиз надодаанд. Хонум  Шарифова афзуд, дар ин сардиҳо танҳо сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон ба онҳо дар ҳаҷми 120 доллари амрикоӣ маводи ғизоӣ ва гарм кӯмак кардааст. «Мо минатдорем,ки дар ин сардиҳо сафорати Узбакистон 2  халта орд, 50 кило биринҷ, як чанд пачка чою 20 дона сачоқу чанд курпаи гарм ба мо тақдим кард»

Масъулини ин парваришгоҳ мегӯянд, агар ҳукумат ва созмонҳои байналхалқӣ ба онҳо таваҷӯҳ накунанд, вазъи зиндагии кудакони нобино боз ҳам бадтар хоҳад шуд, ва мураббияҳои ин парваришгоҳ аз мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ тақозо доранд, ки онҳоро бо дастгоҳи тавлиди барқ ва ғизо таъмин кунанд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: Bevatan аз: Beshahr
01.03.2008 11:57

Muhtaram Aslami Muminzod
Rosti bad az in guzorishi shumo ashk dar chashmonam halka zad ki tuli chandin soli musofirat va bevataniam ashk narekhta budam
Nakhod ki bujai hukumati Tojikiston doroii du khalta ordro nadoshta boshad
Khub ba har surat sukhan foidae nadorad az in gush ba on gush ....
Binobar in Aslamjon khohish mekunam az Shumo to ba hamin nishonai Emaili man surogai kudakistoni nomburda va agar surathisobi bonki doshta boshad irsol dored to ba kadri imkon yak mablagaki kofie irsol doram
Peshaki az shumo minnatdoram
YO KHUDO DAVLATI TOJIKISTONRO NIOH DOR AZ BALO


Ном: Garib аз: USA
29.02.2008 07:52

Millati olam zi khud nashnokhtem,
Khilqati odam zi khud nashnokhtem.
Khudshinosi guhta dar har anjuman,
Khudshinos gashtemu khud nashnokhtem.

In gadoi to kay ast peshkori mo?
Millatoni sharqu garb nashnokhtem !
But shikastan az padar merosi mo,
Butshikan gashtemu but nashnokhtem .

Az farangi justa rohi zindagi ,
Zindagii oli khud nashnokhtem !
Kay shavem mo khudshinos ey hamvatan ?
Murdaemu margi khud nashnokhtem!

Bo afsusi beokhir -yak musofir !


Ном: Dilshikasta
28.02.2008 22:50

Astagfirulloh, nakhod baroi 1 nafar 90 diram hol on, ki 1 none, ki dar 1 ruz 2-3 toashro tanovul mekuned 1 somon ast ku !? Afsuuuus, ki ba'ze mansabdoroni mo be andeshaand :@ Okhir nazari khudovand dar pasti ast .

Шарҳҳо 1-3 (of 3)