Тоҷикистон

Гурӯҳи Мамадбоқиров даҳ калашниковро таслим кард

27.02.2008

Гурӯҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки масъули ҳамлаи рузи шанбе ба идораи милисаи Хоруғ шумурда мешавад, 10 силоҳи калашниковро ихтиёран ба мақомот супурд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузориҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин гурӯҳ боз тақрибан чил адад силоҳ дар даст дорад. Ин ҳама аслиҳа дар дасти ин гурӯҳ ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ боқӣ монда будааст.

Дирӯз, 27 феврал дар шаҳри Хоруғ як ҳамоиши эътирозие бо даъвати хотима бахшидан ба худсарии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ баргузор шуд. Дар он ҳамоиш аксаран занҳо иштирок карданд ва хоҳони бесилоҳ гардонидани ин гуна гурӯҳҳо шуданд.

Ҳамоиш дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳонаи гурӯҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров, собиқ фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳои марзбонӣ дар ноҳияи Мурғоб ба шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Хоруғ дар таърихи 23 феврал доир шуд.

Он ҳамла аз ҷониби мақомот ҳамчун амали авбошона талаққӣ шуд. Афроди мусаллаҳ бинои шуъбаи умури дохилаи Хоруғро тирборон карда ва ёвари навбатдори шуъбаро лату кӯб карда буданд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-3 (of 3)
Ном: майхандуст
27.02.2008 16:17


Хайронам,ки дар дигар манотики кишвар хар гурухи чиноятпеша ба мисли дастаи Бокир чун андаке сар боло кунад, фаври аз чониби хукумат саркуб мешавад. Вале чаро хукумати маркази хар чанд аз мавчудияту амалиёти ин даста ва очизии макомоти умури дохилаи махалли дар рафъи шарри он огох хаст, тадбире намеандешад


Ном: siraj
27.02.2008 15:23

hukumate tojikiston boyad ba vadahhoe dodagesh dar cole 1997 ki avfe umum elon shuda bud amal kunad.mushkel da r inast ki hukumat bo har bahona emruzho mexohad javonhoe ki dar jange shahrvande celoh ba dast gerefta budand ba zendonho kashonad.baroe en javonhoe ki bo opozeceon budand to ba hol dar en xavfand ki yak ruz hukumate emruza onoro darsger karda zindone mekunad,agar chande ki bad az avfe cole 1997 yagon jaremae ham anjom nadoda boshand.mardum ki bo opozeceon budasnd meguyand hukumat bad az culh fereb dod.rahbaromona bazesha dasger kard dar zendon andoxt va bazedegarra az vazefa barkanor kard,va alon boshad baroe dastgeree boqemonda dar taloshast.kasone dar nazde hukumate emruza begunohand ki az xate kashudagee presidnt berun naboshand va dustdore rusho boshand.


Ном: dilovar аз: tj
27.02.2008 11:26

asalomu alaikum xdovand okibatsha ba xair biyora neki hukumatani bozicha nest ;)

Шарҳҳо 1-3 (of 3)