Тоҷикистон

Ҳамоиши эътирозӣ дар Хоруғ

26.02.2008

Ҳудуди 200 сокини шаҳри Хоруғ баъд аз зӯҳри 26 феврал бо нишони эътироз аз задухурдҳои мусаллаҳона ба ҳамоише иқдом карданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ мегӯяд, талаби асосии эътирозгарон бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ буд. Эътирозгарон гуфтанд, ин гуна гурӯҳҳо барои субот дар минтақа хатар эҷод мекунанд.

Эътирозгарон, ки шумори бештарашонро занҳо ташкил медодаанд, сараввал дар ҳудуди мактаби миёнае ҷамъ шуда, ва баъдан сӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ роҳ пеш гирифтаанд. 

Эътирозгарон дар дастҳояшон шиорҳои «Модарон зидди силоҳанд» ва «Фарзандони моро ба ҷанг накашед» доштаанд.

Гуфта шудааст, мубтакирони ин намоиши эътирозӣ худи занҳо будаанд. Сабаби аслии бурузи ин эътироз ҳамлаи ахири як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ба шуъбаи умури дохила дар шаҳри Хоруғ будааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: Дилбаршо аз: Душанбе
27.02.2008 13:32

Модарон тарафдори бебаркианд, набошад? Ё тарафдори ба гусфанд табдил ёфтани мардум? Чаро дар ин бора садо баланд намекунанд модарони мо?


Ном: Миллатгарои точик аз: Самарканд
27.02.2008 10:14

Ин хамон нишонахои ба чуш омадани оби косаи сабри мардум аст, ки акнун аз таъсири "харорат"-и оташи калбашон ба резиш омада. Агар ин хароратро хешхои боло паст накунанд паёмади ногувореро ба бор меорад..


Ном: Абдулло аз: Кулоб
27.02.2008 09:40

Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон назари ман хамчу шахрванди Чумхури Точикистон дар ин аст ки ин этирозхои ки дар манотики вилояти Худмухтори кухистони Бадахшон дар онаст ки имруз вазъи зиндаги мардуми точик бад шудааст мардум имруз мачбур шудааст ки ба ин гуна этирозхо рох дихад Худо накунаду дигар ба сари мардуми точик он рузхои сахт боз пеши руй ояд ва мо аз Худованд хохони он хастем ки дар Точикистони азизамон тенчи амони сулху вахдат пойдор бошад омин


Ном: dilovar
27.02.2008 08:06

asalomu alaikum da xoruk dar hakikat gush namekunand hukumata kasira chxeli bfora kor mekna i hukumat doroi mo gijora nigo meknan chiba ki kuloba yarokosha jamkada shidaku xoruka nameshava xdovan okibatsha ba xair biyora


Ном: Olim
27.02.2008 06:01

yaroq dar dasti milisanerho ki ba mardumi besiloh mohi Avgust 2006 dar khorugh tir xoli kardand xud ghariqonuni ast.


Ном: kicjhdkcjh
26.02.2008 19:20

in ogoz ast
In bekhabaroni hukumat to kai gami kisahoi khudro mekhurand


Ном: ozoda аз: uk
26.02.2008 18:53

khub meshud ki tamomi silohi gairikonuni az mardum jam
karda shavad.

Шарҳҳо 1-7 (of 7)