Тоҷикистон

Кумаки башарии саъудиҳо ба Тоҷикистон

20.02.2008

Дирӯз аз Арабистони саъудӣ кумаки башарӣ дар ҳаҷми беш аз 10 тонна ба Тоҷикистон ворид гардид.

 
Дар ин робита Иброшим ад-Дарвеш, як масъули Вазорати молияи Арабистони саъудӣ, мегӯяд: «Бо фармони шоҳи Арабистони саъудӣ мо миқдори аввали кумаки башариро ба халқи Тоҷикистон овардем. Ин кумаки башарӣ иборат аст аз 1500 қуттии маводди ғизоӣ, 2000 палос, 4 000 курпаи гарм ва 200 қуттии хурмои арабӣ иборат аст».

Ӯ ишора намуд, ки дар давоми чанд рӯзи дигар ҳавопамоҳои кишварашон миқдори дигари кумакҳоро ба Тоҷикистон хоҳанд овард.
 
Ин рисолат 2-вуми март ба поён мерасад. Ҳаҷми умумии кумаки Арабистони саъудӣ 80 тоннаро ташкил медиҳад.

Иброҳим ад-Дарвеш афзуд, ки шоҳи Арабистони саъудӣ тасмим гирифтааст ба Тоҷикистон ба таври илова боз 10 миллион доллар қарзи билоиваз ироъа намояд.

Дар маросими ироъаи ин кумаки башарӣ Эркин Қосимов, ҷонишини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, раҳбарияти кумитаи ҳолатҳои изтирории Ҳукумати Тоҷикистон ва дигарон иштирок доштанд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Ali аз: TJK
20.02.2008 19:42

Ba khudo qasam,chun in khabarro khondam,ashk az chashmonan sarozer shud,chun mo -Tojkhoi bo ovoza dar tuli torikh ,CHUNON FAQIR VA BENAVO SHUDEM ,KI HAR LAHZA CHASHMAMON BA KUMAKI DIGARON ASR,,,,Okhir charo ???


Ном: Tojikbacha аз: Iron
20.02.2008 19:00

Salom.Mo odat kardem,ki kasi az berun ba mo kumak kunad.Vagarna "raison"-i mo millionxo dollar dar bonk dorand,in az kadom xisob ast?CHaro uno tasmim namegirand?


Ном: Шамшод аз: Сугд
20.02.2008 17:37

Мехостем дар ин маврид худи сахмгузорон кумаки башардустона таксим менамуданд


Ном: Кухдомани
20.02.2008 15:00

Хуб мешуд агар рузноманигорон аз раванди расонидани ин кумаки башардустона бевосита ба мардуми кишвар пайгири карда аз он навиштахо пешниход мекарданд.
Ман инро барои худ намегуям, чун ки шукр ба чизе эхтиеч надорам.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)