Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

14.02.2008

СММ аз вазъи Тоҷикистон нигарон аст

СММ аз вазъи башарии Тоҷикистон, ки бо шадидтарин сармои 25 соли ахир мувоҷеҳ шудааст, ҳар чӣ бештар нигарон мебошад.

Хонум Мишел Монтас - сухангӯи Дабири кулли СММ Бан Ги-мун мегӯяд, камаш 260 000 сокини Тоҷикистон ба кумаки оҷил ниёз доранд. 

Камбуди энергияву об вазъро боз ҳам печидатар кардааст.

Аксари мактабҳо бо камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мебошанд

Бунёди кӯдакони СММ (UNICEF) иттилоъ додааст, ки ба Тоҷикистон кумакҳои фаврӣ ва аз ҷумла ба шифохонаҳо генератор мефиристад. Чанд созмони дигари байнулмилалӣ низ изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба Тоҷикистон кӯмак бифиристанд.


Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org