Саҳми ин донишгоҳи куҳансолтарини Тоҷикистонро дар рушди илми тибби кишвар ва ҳатто минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияву Афғонистон хеле зиёд аст.
Ҳарчанд, ки бинои таълимӣ ва тақрибан кулли синфхонаҳои ин даргоҳи илми кишвар акнун комилан корношоям шудааст, вале китобхонаи беҳамтои он, ки дорои асарҳои беназири аҳли илми тибби ватанӣ ва хориҷӣ будааст, ҳамроҳ бо бойгонии донишгоҳ аз нобудшавӣ наҷот дода шудааст.
Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии Душанбе
Ифтихоре, ки ба коми оташ рафт
Ба иттилоъи мақомоти марбута, сӯхтори мудҳиш ҳанӯз баъд аз соати 13-и дирӯз сар зада, бо вуҷуди талошҳои сӯхторнишонҳо ва захираҳои одамиву фаннии сафарбаршуда аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва пойгоҳи 201-уми низомии дар Тоҷикистон мустақарри Русия то як поси шаб идома кард.
Бар тибқи таъйиди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир як кумисюни махсус сабаби сӯхторро муайян карда истодааст. Гуфта мешавад, ки яке аз фарзияҳои эҳтимолии сӯхтор ҳамоно гаронбории ҳаҷми нерӯи барқ бар ноқилҳо будааст.