Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев, президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон.
Бо вуҷуди баъзе дастовардҳо ҳаракат ба самте ки ҷаноби Зарифӣ ишора кард, дар соли гузашта низ монанди солҳои пеш мушкил буд. Баъд аз эълони истиқлолият ҳар яке аз давлатҳои минтақа бо роҳи вижаи худ рафт ва сиёсати хориҷии онҳо аз ҳам фарқи зиёд дошт. Тоҷикистон гирифтори ҷанги харобиовар шуд, Ӯзбакистон ва Туркманистон ба режимҳои мустабид табдил ёфтанд, Қазоқистон бо Русия забон меҷуст ва Қирғизистон ҷазираи демократия ба шумор мерафт. Сатҳи гуногуни ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ, тафовути ҳаҷм ва анвои захираҳои табиӣ, пайвандҳои стратегӣ, нақши на ҳамеша мусбати қудратҳои беруна ва ҷустуҷӯи намунаҳои ибрат низ ин кишварҳоро аз ҳам дур бурда буд. Аммо омилҳои ҳамбастагии таърихӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҷуғрофии давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷудоиҳо дида бештар буданд. Музокироти якҷояи онҳо ва Русия бо Чин дар масъалаҳои марзӣ, ки ба таъсиси Созмони Шонгҳой сабаб гашт, оғози амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон ва вуруди Иёлоти Муттаҳида ба минтақа ва акнун таҳкими ҳамкориҳои муштарак бо Иттиҳоди Аврупо ба ин ҳамбастагӣ тапиши нав дод. Таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, Русия, Чин ва дигар қудратҳо ба Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст...
Дар соли гузашта Русия талоши бештар кард, дар истифода аз захираҳои инержии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дошта бошад. Владимир Путин дар ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой андешаи таъсиси як маҳфили вижаи ин соҳаро ба миён гузошт. Ҷаноби Путин таваҷҷӯҳ ба захирҳои инержиро муҳаррики барномаҳои минтақа номид ва гуфт, муътақид аст, ки ҳамгироии ин барномаҳои миллӣ ва эҷоди як иттиҳоди инеpжӣ ба амиқрафти ҳамкориҳо мусоъадат хоҳад кард. Зимнан захираҳои инержӣ омили асосии таваҷҷӯҳи Аврупо, Иёлоти Муттаҳида ва Чин, ба истилоҳ ташнагони нафту гушнагони газ, ба Осиёи Марказӣ мебошанд. Чунончи, тарҳи лулаҳои нафт ва газ аз Туркманистону Узбакистон ба воситаи Қазоқистон ва Қирғизистон низ ҳамбастагии минтақаиро вусъат ва таҳким медиҳанд. Дар соли гузашта барқ низ дар ин тарҳ мақоми худро пайдо кард ва Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, масири интиқоли барқи Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба Афғонистон, Покистон ва Ҳинд ба вуҷуд орад.