Тағйири ҳаҷми ҳуруф
| Чоп
12.11.2007
Хабарҳои "Озодӣ" дар моҳвораи Hotbird
Агар мехоҳед, барномаҳои мо ва мусиқии тоҷикиро ба беҳтарин кайфият бишнавед, амвоҷи радиои моро аз шабакаи моҳвораии Hotbird пайдо кунед.
Онҳое ки аз шабакаи моҳвораии Hotbird истифода мекунанд, метавонанд, барномаҳои радиои Озодиро дар мавҷи 12 226 GHZ бо рамзи мизон (symbol rate)-и 27 500 (3/4) дар қутбнишонии амудӣ ё вертикал(V) бишнаванд.
Пахши барномаи радиоӣ дар саттелит беҳтарин сифати садо ва мусиқиро кафолат медиҳад. Дар ҳоли бо ҷустуҷӯи автоматик нав кардани маҷмӯъи барномаҳо дар дастгоҳи мавҷгир барномаи радиои Озодӣ дар телевизион дар бахши "радиоҳо" дар каналҳои 242, 252 ва 253 пайдо хоҳад шуд. Суръати интиқоли иттилоъ дар он 192 килобайт дар як сонияро ташкил хоҳад дод.
Барномаҳои тоҷикии радиои Озодӣ ба воситаи моҳвораи Asiasat2- D низ пахш мешаванд, мавҷи 3880 MHz, рамзи мизон -- 20.4 (FEC: 1/2) дар мавҷи бастаи L 1270 MHz. Аммо барои дарёфти ин мавҷ дастгоҳи изофагии моҳвораӣ ва ё тағйири самти лаълии моҳвораро зарур мешавад.
Бо моҳвораи Hotbird шунидани барномаҳои тоҷикии радиои Озодӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Ховари Миёна ва шимоли Африқо имконпазир гардид.
--------------------------
НОМАИ ШУНАВАНДА
Салом радиои Озодӣ,
Аз хабари пахши барномаҳои шумо аз моҳвораи Hotbird басе хурсанд шудам.
Бояд гуфт, ки дар мавҷи родиоии 12 226 GHZ бо мизони (symbol rate) 27 500 (3/4), қутбнишонии вертикалӣ замоне, ки барномаи тоҷикӣ пахш мешавад, ҳамзамон барномаҳои радиои Озодӣ бо забонҳои дигар (агар саҳв накунам белорусӣ ва чиноӣ) пахш мешавад. Барномаи точики дар канали чап (Mono-Left Channel) ҷо дода шудааст, ки дарёфти он хело мушкил аст. Ва ҳамчунин дар канали 12 226 GHZ қариб 10 барномаи радиои Озодӣ ба забонҳои гуногун мавҷуданд.
Хуб мешуд, маълумоти зеринро пешкаши шунавандагоне мекардед, ки мехоҳанд, барномаи шуморо бо сифати беҳтар аз моҳвора бишнаванд:
мавҷи родио: 12 226 GHZ
мизони (symbol rate): 27 500 (3/4)
Vertical -14(V)
Номи канал: IBIB VOA REFERL Rad
Audio PID: 4232
Audio Mode: Mono-Left
Ду сатри охир барои зудтар дарёфт намудани барномаи тоҷикӣ лозиманд.
Шунавандаи доимии шумо
Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед:
tajikweb@rferl.org