Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи қуръакашии Ҷоми AFC - 2014


Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур қуръакашии Ҷоми AFC – 2014 баргузор шуд.

Дар мавриди ба давраи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Дарвоқеъ, “Сафо” порсол бо тими «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар гурӯҳи “С” бозӣ мекард.

Давраи гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал шурӯъ мешавад. Ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад. Дастаи «Равшан» дар плей-офф 2-юми феврал дар майдони худ бо қаҳрамони Яман - «Ал-Ярмук Ал-Равда» рақобат мекунад. Дар бозии дигари интихобӣ «Шабоб Ал-Таҳрӣ» дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.

Натоиҷи қуръакашии давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014:

Минтақаи «Ғарб»
Гурӯҳи «А»: «Сувайк» ё «Саҳам» (Умон), «Зат Рас» (Урдун), «Сафо» (Лубнон), ғолиби бозии плей-офф «Равшан» (Тоҷикистон) – «Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман).
Гурӯҳи «В»: КВ «Кувайт» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт), «Фанҷа» (Умон), «Ал-Ҷайш» (Сурия), «Неҷмеҳ» (Лубнон).
Гурӯҳи «С»: «Ал-Ҳидд» ё «Манама» (Баҳрайн), «Ал-Қадсия» ё «Ал-Наср» (Кувайт), «Ал-Шорта» ё «Эйр Форс» (Ироқ), «Ал-Ваҳда» (Сурия).
Гурӯҳи «D»: «Шабоб Ал-Урдун» ё «Ал-Ваҳдат» (Урдун), «Риффа» (Баҳрайн), ғолиби бозии плей-офф «Шабоб Ал-Таҳрӣ»(Яман) – «Олой» (Қирғизистон), «Эрбил» (Ироқ).

Минтақаи «Шарқ»
Гурӯҳи «Е»: «Персипура Ҷаяпура» (Индонезия), «Хоум Юнайтед» (Сингапур), «Ню Радиант» (Молдив), «Черчил Бразерс» (Ҳиндустон).
Гурӯҳи «F»: «ТТ Хайно» ё «СХБ Дананг» (Вйетнам), «Арема Индонезия» (Индонезия), «Селангор» (Малайзия), «Мазия СР»(Молдив).
Гурӯҳи «G»: «Янгон Юнайтед» (Мянмар), «Виссаи Нинбин» (Вйетнам),«Саут Чайна» (Ҳонконг), «Келантан» (Малайзия).
Гурӯҳи «H»: «Тампинес Роверс» ё «Балестиер Халса» (Сингапур), «Най Пий Тав» (Мянмар), «Пуне» ё «Ист Бенгал» (Ҳиндустон), «Китчӣ» (Ҳонконг).

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:

Даври 1-ум
25-юми феврал (сешанбе)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)
Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман) - «Сафо»(Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал-Ярмук Ал-Равда» (Яман)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)
XS
SM
MD
LG