Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои боз як мураббӣ. Ин бор аз ССКА “Помир"


Ҳусейн Шодиев
Ҳусейн Шодиев

Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон – ССКА “Помир”-и Душанбе, аз вазифааш истеъфо дод.

Дар ин бора ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хабир Давлатов, сардори дастаи ССКА “Помир", хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҳусейн Шодиев бо хоҳиши худ аризаи истеъфо навиштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон ССКА “Помир” дар меҳмонӣ аз дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Ба гуфтаи Хабир Давлатов, инчунин, бошгоҳи футболи ССКА “Помир” тасмим гирифт, ки аз хидмати Зоир Бобоев ба ҳайси мураббии мушовир низ даст кашад.

ССКА “Помир” дар 5 бозии аввали мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 3 бозиро мусовӣ анҷом дода, дар ду бозии дигар шикаст хӯрдааст ва ҳоло бо ҳамагӣ 3 имтиёз дар байни 11 даста дар мақоми 9-ум қарор дорад.

ССКА “Помир” ба бозии навбатӣ, ки рӯзи 18-уми май бо тими меҳмон - “Панҷшер”-и Ҷалолиддини Румӣ баргузор мешавад, таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов, капитан ва муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста, омодагӣ мебинад.

Бояд тазаккур дод, ки ин дувумин истеъфои сармураббии дастаҳои лигаи олӣ дар мавсими имсола мебошад. Ҳафтаи гузашта Юсуф Абдуллоев, сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон - “Хайр”-и Ваҳдат низ ба далели “натиҷаҳои ғайриқаноатбахши дастааш” барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG