Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

05.05.2008

Футболбозони тоҷик ба Филиппин сафар мекунанд

 Назруллоҳи Латиф

Марҳалаи омодагии дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба «Ҷоми челенҷ кап» ё «Ҷоми даъвати AFC» ба анҷом расид.

Дастаи миллии кишвар дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода ду бозии санҷишӣ анҷом дода, нахуст аз дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб гардид ва бозии дувумаш бо «Регар» ТадАЗ бо натиҷаи 0:0 хотима ёфт.
6-уми май футболбозони тоҷик озими Филиппин хоҳанд шуд. 

Ба иттилоъи Пӯлод Қодиров, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба ҳайъати даста 18 бозигар аз дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и шаҳри Турсунзода, «Парвоз»-и ноҳияи Б. Ғафуров, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Динамо»-и Душанбе ва «Энергетик»-и Душанбе, инчунин дарвозабон Алишер Тӯйчиев ва нимҳимоятгар Акмал Холматов, ки феълан дар дастаҳои «Металлург»-и Бекобод ва «Пахтакор»-и Тошканд (Узбакистон) бозӣ мекунанд, дохил гардидаанд.
 
Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ 16 тими мунтахаби кишварҳои «зуҳурёфта» ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои миллии Бруней, Филиппин ва Бутан рақобат хоҳад кард. Бозиҳои марҳалаи аввал аз 13-ум то 17-уми май доир мегарданд. 
 
Ғолиби гурӯҳҳо ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифта, барои дарёфти «Ҷоми даъвати AFC» талош хоҳанд кард. Чаҳор тими миллӣ - Куриёи Шимолӣ, Туркманистон, Мянмар ва Ҳиндустон (мизбони сабқат) - ба сурати автоматӣ ба марҳалаи ниҳоӣ хоҳанд расид.
 
Сабқати ниҳоии Ҷоми даъвати AFC аз 30-юми июл то 10-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон баргузор хоҳад шуд. Қаҳрамонҳои Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 дар Қатар роҳхат мегиранд.
 
Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозии дӯстона байни тимҳои миллии Индонезиё ва Тоҷикистон аз 9-уми май ба 1-уми июн гузаронида шуд.

Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org