Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

05.05.2008

Сабти номи "Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон"

«Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон» бо мақарри марказияш дар шаҳри Душанбе дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуд.

Ин нахустин чунин як созмони байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон мебошад. Як гурӯҳ рӯзноманигорони форсизабон аз Тоҷикистон ва берун муассисони ин созмон мебошанд. Раёсати ин созмонро сардабири нашрияи мустақили «Миллат» Адолати Мирзо бар дӯш дорад. 

Ҳадафи ташкили чунин як созмон (АФРӮЗ) ҳимояи рӯзноманигорони форсизабон дар саросари ҷаҳон ва ҳамгироии бештари онҳо унвон шудааст. 

Қарор аст, ин созмон дар оянда давраҳои омӯзишӣ барои рӯзноманигорон баргузор намояд ва расонаҳои хабарии чопиву электронӣ барои кишвраҳои форсизабон таъсис бидиҳад.

Тасмими таъсиси ин созмон моҳи марти соли гузашта дар нахустин Анҷумани рӯзноманигорони форсизабон дар шаҳри Душанбе гирифта шуда буд. Дар он анҷуман намояндагони беш аз 60 расона аз Афғонистону Эрон, Аврупову Русия ва Узбакистон иштирок карда буданд.  


Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org