Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

29.04.2008

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон

 Назруллоҳи Латиф

Рӯзи 29-уми апрел дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштии шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии самбои Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Сардовари ин мусобиқа Сарахон Эмомов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати бузургсолон ҳудуди 150 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд, ки миёни онҳо паҳлавонони маъруфи тоҷик, ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ, ба монанди Пӯлодҷон Солеҳов, Далер Мусофиров, Санҷар Сарфарозов, Абдулфайз Муллоев ва дигарон ҳастанд.

 

Мусобиқаи мазкур, ки бегоҳи 30-вуми апрел ба поин мерасад, қаҳрамонҳои нави самбои Тоҷикистонро дар 9 вазн муайян хоҳад кард.


Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org