Тағйири ҳаҷми ҳуруф   |  Чоп

20.03.2008

Барномаи наврузии Тоҷикистон

 Аслами Мӯъминзод

Барномаи таҷлили ҷашни Навруз дар Тоҷикистон имсол аз устони Суғд оғоз мешавад ва баъдан дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар таи 4 рӯз идома хоҳад дошт.

Ҳукумати Тоҷикистон аз 21-уми март то 24 мартро таътил эълом кардааст.

Сафар Шоҳсаидов, масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегуяд, бузургтарин маросими наврузии имсола дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, рӯзи баъдӣ дар шаҳри Душанбе идома мекунад. Оқои Шоҳсаидов мегуяд, таҷлили Наврӯз дар марказҳои навоҳии кишвар аз 21-уми март то 25  уми март дар назар аст.

Ба қавли оқои Шоҳсаидов, дар намоиши театрие, ки дар шаҳри Хуҷанд  баргузор мешавад, қарор аст, беш аз 6 ҳазор меҳмонон аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо шумули раисҷумҳур Раҳмон ширкат варзанд. Оқои Шоҳсаидов мегуяд, дар Хуҷанд ба ҷуз намоиши театрӣ боз намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ мардуми кишварро интизор аст.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе мегуяд, рузи аввал Навруз танҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахти кишвар таҷлил мегардад ва рузи 2-юм наврузи шаҳр дар боғи ботаникӣ баргузор мешавад. Вай афзуд, рӯзҳои 23-юму 24-уми март сайругашти оммавӣ дар боғҳо сурат мегирад.

Тибқи барномаи пешбининамудаи вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҷлили Наврӯз то 25-ми март дар кишвар идома хоҳад дошт. Рузи 25-уми март рӯзи корӣ эълом шудааст.


Радиои Урупои Озод / Радиои Озод © 2007 RFE/RL. Inc. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст. Ба мо нависед: tajikweb@rferl.org