Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев: Таҳримҳо алайҳи Русия садди рушди Қазоқистон мешаванд


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, изҳор намуд, ки амиқрафти бӯҳрон дар Украина ба иқтисоди Қақозистон осеб мерасонад.

Ӯ дар як суханронӣ дар парлумон рӯзи 2 сентябр гуфт, таҳримҳо ва маҳдудиятҳо дар тиҷорат, ки аз сӯи Ғарб болои Русия ва аз Русия болои кишварҳои ғарбӣ эъмол шудаанд, ба рушди иқтисодии шарикони ин кишварҳо беасар намемонанд. Нурсултон Назарбоев афзуд, “таҳримҳои дуҷониба аз сӯи кишварҳое, ки дар маҷмӯъ 60 дар сади маҷмӯи тавлидоти нохолиси ҷаҳонро истеҳсол мекунанд, тағйирот дар робитаҳои иқтисодии байнулмилалӣ, боиси пойин рафтани рушди иқтисодии шарикони мо мегардад ва ин болои мо ҳам таъсир мегузорад”.

Моҳи гузашта Русия дар посух ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо воридоти бархе аз маводи озуқа ва меваю сабзавот аз кишварҳои узви ин ниҳодро манъ кард.

Русия, Қазоқистон ва Белорус – аъзои Иттиҳодияи гумрукиянд ва барои таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тасмим гирифтаанд, ки қарор аст аз моҳи январи соли 2015 ба фаъолият шурӯъ кунад.

XS
SM
MD
LG