Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: "Музокира роҷеъ ба Қрим имкон надорад"


Сергей Лавров
Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия бори дигар таъкид кард, ки нимҷазираи Қрими Украина, ки моҳи март ба Русия пайвастааст, бахше аз қаламрави Русия мебошад ва дар бораи мақоми ин минтақа ҳеҷ музокира имкон надорад.

Лавров 28 июл зимни суханони худ дар Маскав гуфт, “дар бораи Қрим музокира бо ҳеҷ кас имкон надорад”. Лавров ҳамчунин гуфт, ки “Русия ба таҳримҳои Ғарб посух нахоҳад дод ва аз он ба ҳаяҷон ҳам нахоҳад омад”. Вай афзуд, ки ба эҳтимоли зиёд ин таҳримҳо Русияро аз лиҳози иқтисодӣ мустақил мекунанд.

Вай гуфт, ки намедонад, Ғарб дар мавриди тағири муносибати Русия нисбат ба Украина чӣ мехоҳад. Вай мегӯяд, ки то ҳол надидааст ва ё нашунидааст, ки ҳамкорони Ғарбӣ чӣ ибтикороти сиёсиро дар ин маврид пешниҳод кардаанд.

Ба гуфтаи Лавров, талошҳои рафъи бӯҳрон ноком мондааст, зеро Киев қабул надорад, ки бо шӯришиёни ҷудоихоҳ “музокироти эҳтиромона” сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG