Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон размоишҳои СПАД баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Нируҳои 5 кишвари узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ вориди хоки Қирғизистон шудаанд, то дар размоишҳои муштараки ин паймон ширкат ҷӯянд.

Мақомоти низомии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки 29 июл дар размоишҳои зери номи “Нерушимое Братство-2014” нируҳои шаш кишвар Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон дар кӯҳистонҳои Ала Тоо дар наздикии Бишкек ширкат мекунанд.

Ин размоишҳо 11 рӯз пас аз машқҳо ё размоишҳои низомии минтақаи Челябинск баргузор мешавад. Дар он нируҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG