Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Остона 5 зан барои ҳақталабӣ боздошт шуданд


Заноне, ки дар канори Остона хонаҳояшонро гирифтаанд
Заноне, ки дар канори Остона хонаҳояшонро гирифтаанд

Дар Қазоқистон пулис 5 занеро боздошт кард, ки барои мусодираи дороиашон аз тарафи ҳукумат эътироз мекарданд. Онҳоро дар Остона ба шӯъбаи пулиси ноҳияи Эсил оварданд ва ба онҳо гуфтанд, ки барои эътироз иҷозаи расмӣ надоштаанд ва мақомоти зидахл ҳам ба ин кор иҷоза надодаанд. Онҳоро баъд аз чанд соат раҳо кардаанд.

Ин занҳо 5 шабонарӯз дар назди бинои ҳукумат эътироз ва тақозо мекарданд, ки бояд бо Нурлан Нигматулин-раиси дафтари раёсати ҷумҳурӣ мулоқот намоянд. Занон мегӯянд, ки онҳо барои мусодираи дороии худ дар канори шаҳри Остона мехоҳанд ҷубронпулии арзанда бигиранд. Ҳукумат мегӯяд, ки ин ҷоҳоро барои “зарурати давлатӣ” гирифтаанд.

Аммо занон бар ин ақидаанд, ки заминҳои онҳоро мегиранд ва барои кормандони ҳукумативу соҳибкорон хонаҳои хусусӣ месозанд. Барои ҳамин онҳо ҳамонон мехоҳанд бо Нурлан Нигматулин мулоқот кунанд.

XS
SM
MD
LG