Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон аз ғалабаи ҳизбаш дар интихоботи порлумонии рӯзи 7-уми июн хабар дод.
Эрон шоми 7-уми июн ба чанд нуқта дар Исроил зарба задааст ва дар посух артиши Исроил низ Эронро бомборон кард.
Субҳи якшанбеи 7-уми июн дар Арманистон овоздиҳӣ барои интихоби 101 вакили порлумон оғоз шуд. Ин маърака дар шароите баргузор мешавад, ки Ереван талош дорад бо Иттиҳоди Аврупо наздиктар шавад ва ин кор хашми Русияро барангехтааст.
Моҳи сентябри соли 1955. Замони Ҷанги сард. Роберт Ф. Кеннедӣ, сиёсатмадори ҷавон ва бародари президенти ояндаи Амрико, бо як сафари ғайримаъмулӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба Маскав рафт. Вилям Дуглас, яке аз додрасҳои намоёни Додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳида, низ ӯро ҳамроҳӣ дошт.
Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи 4-уми июн қонуни кумак ба Украина ва таҳримҳои нав алайҳи Русияро қабул кард. Тарҳ, ки "Қонуни дастгирӣ аз Украина" ном дорад моҳҳо боз бидуни баррасӣ монда буд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 4-уми июн дар номаи бозе ба ҳамтои русаш Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки мулоқоти рӯ дар рӯ дошта бошанд. Ӯ ҳамчунин эълон кард, ки барои як "оташбаси комил" омода аст.
Дар ҳоле ки Русия дар соли панҷуми ҷанг дар Украина барои ҷойгузин кардани сарбозони кушташуда ва захмӣ бо мушкилӣ рӯбарӯст, нишонаҳои бештаре пайдо мешаванд, ки низомиёни рус бо вуҷуди ҷароҳатҳои вазнин ва ҳатто хулосаҳои тиббии "ношоям барои хидмат" мардонро дубора ба ҷанг мебаранд.
Маҷлиси Намояндагони Амрико, ки таҳти назорати Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст, ба тарафдории маҳдуд кардани салоҳиятҳои раисиҷумҳур Доналд Трамп дар ҷанг ба зидди Эрон раъй дод.
Дар ҳашт соли гузашта камаш 20 шаҳрванди хориҷӣ ва аксаран аз Ғарб дар тарбия ва таълими ду кӯдаке саҳм гузоштаанд, ки гуфта мешавад, фарзандони Владимир Путин, президенти Русия ва ҳамсари эҳтимолии ӯ Алина Кабаева ҳастанд. Ин нуктаро бахши таҳқиқотии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ошкор кард.
Ёфтҳои бештар