Мақомот мегӯянд, таҳқиқ нишон додааст, ки марзбони 19-сола Одилҷон Исломзода зери мошини борбари “Дулан” монда, бар асари захмҳои бардоштааш дар шифохона ҷон додааст.
Як ҷавони 18-соларо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" (созмони мазҳабии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) ҳафт сол зиндонӣ кардаанд.
Соро Орипова, ҳамсари Мирзокарим Назаров, бародари кушташудаи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ, шикоят дорад, ки эҳтимол бо се духтари ноболиғаш дар кӯча бимонад.
Ҳукумат дар солҳои охир бештар ба ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпояи Тоҷикистон чунин "саховатмандӣ" нишон додааст.
"Мо саратро метарошем". Ба гуфтаи донишҷӯдухтарон аз Тоҷикистон, онҳоро ҳангоми таҳсил дар хориҷ ҳамватанони худашон чунин таҳдид кардаанд.
Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Балҷувонро бо гумони оташ задани ҳуҷраи хоби додситон Мурод Муқимзода боздошт кардаанд. Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, “ин гурӯҳ аз ҳашт нафар иборат аст”.
Мақомоти Тоҷикистон ҷузъиёти созишномаро бо ширкати русии “БТК гуруҳ” шарҳ доданд. Ин ширкат чун таъминкунандаи либоси ҳарбӣ барои ҷанги Украина маъруф аст ва моликаш ҳам зери таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо қарор дорад.
Соли 2022. Шаҳри Бохтар. Замоне ки як мактаби русӣ дари худро боз кард, садҳо мардуми маҳаллӣ барои таҳсили фарзандонашон ба он рӯй оварданд. Ин муассиса номи Михаил Ломоносов, донишманди руси асри ҳаждаҳро дорад. Ҳамон сол дар Тоҷикистон чаҳор мактаби дигар бо пули Русия фаъол шуд.
Мурод Муқимзода, ки ҳамагӣ як сол пеш додситони ноҳияи Балҷувон (вилояти Хатлон) таъйин шуда буд, аз мансаб барканор гардидааст. Ин тасмим дар моҳи майи имсол эълон шуда, баъзе ҷузъиёташ 3-юми июн дастраси Радиои Озодӣ гардид.
Додгоҳи олии Тоҷикистон ба муҳокимаи шаш маъмури милиса оғоз кардааст. Ҳамаи онҳо кормандони Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино буда, дар марги боздоштшуда Мақсудҷон Саидов гумонзад ҳастанд. Назари худи онҳо ё вакилони мудофеашон то ин дам маълум нест.
Ёфтҳои бештар