Як ҷавони 18-соларо дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бо иттиҳоми пайравӣ аз "Салафия" (созмони мазҳабии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон) ҳафт сол зиндонӣ кардаанд.
Як гурӯҳ аз сокинони ноҳияи Балҷувонро бо гумони оташ задани ҳуҷраи хоби додситон Мурод Муқимзода боздошт кардаанд. Дар ҳоле ки мақомот шарҳ намедиҳанд, ду манбаи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии вилояти Хатлон гуфтанд, “ин гурӯҳ аз ҳашт нафар иборат аст”.
Мурод Муқимзода, ки ҳамагӣ як сол пеш додситони ноҳияи Балҷувон (вилояти Хатлон) таъйин шуда буд, аз мансаб барканор гардидааст. Ин тасмим дар моҳи майи имсол эълон шуда, баъзе ҷузъиёташ 3-юми июн дастраси Радиои Озодӣ гардид.
Мудири як мактаб дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки номаш ба далели ахлоқӣ нашр намешавад, бо гумони "ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ду хонанда" боздошт шудааст. Пайвандонаш мегӯянд, "ӯ бегуноҳ аст ва тафтишот ҳама чизро рӯшан хоҳад кард."
Аъзои як оилаи маъюб иддао доранд, ки мақомоти маҳаллии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 15 сол боз як мушкили кучакашонро ҳал намекунанд.
Бо гузашти се ҳафта аз сели харобиовар дар шаҳри Кӯлоб, сокинони офатзада то ҳанӯз дар хаймаҳои муваққатӣ зиндагӣ доранд. Дар ин шаҳр осори сел баъди қариб бист рӯз ҳам ҳанӯз дида мешавад.
Даҳҳо ҳазор гектар боғҳои зардолуи вилояти Суғд имсол ҳосили кам хоҳанд дод. Сармои аввали баҳор ва боронҳои пайдарпай, ба зардолузорҳо осеби ҷиддӣ расондааст.
Додситонии шаҳри Исфара ба модари Искандар Маликӣ, корманди пешини Ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳамроҳи зану фарзандаш ба таври фоҷиабор ҷон бохтанд, барои дар "дар хатар гузоштани ҳаёти наздикон" шашуним соли зиндонро талаб кардааст.
Дар пайи омадани сели рӯзи 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб се нафар ба ҳалокат расида, панҷ каси дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мақомот мегӯянд, 450 кӯдак ва пиронсолро ба ҷойи бехаф бурдаанд.
Як гузориши Радиои Озодӣ аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Хуҷанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ “тренд” шудааст.
Таъмири хонаи як додситони собиқ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҷанҷолбарангез шуда, баҳси он то ба додгоҳ рафтааст.
“Куҷоро нигоҳ кардед, ҳама ришқа (юнучқа) коридааст. Пагоҳ пахтаро дар куҷо мекоред? 70 дарсад бояд пахта шавад. Тракторро медарорем. Кадом хоҷагие, ки ҳамингуна ришқа коридааст, ҷуфт мекунем. Фарқ надорад, кӣ аст.”
Ёфтҳои бештар