Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор дар Хуҷанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар маркази Хуҷанд як автомобили “БМВ” аз раҳ берун шуда, 5 пиёдагардро пахш кардааст ва ду куштаву3 маҷрӯҳ бар ҷой гузоштааст.

Ин садамаи маргбор рӯзи 4 май, соатҳои панҷи бегоҳ дар роҳи марказии Хуҷанд, дар наздикии меҳмонхонаи “Эҳсон” ва хобгоҳи донишҷӯён рух додааст. Аз маркази иттилоъоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ронандаи 35-солаи паси фармони автомобили “БМВ” “аз уҳдаи идораи автомобил набаромада, бо суръати баланд ба канори роҳи самти муқобили ҳаракат баромад ва пиёдагардони канори роҳро зери чарх гирифт.” Ба гуфтаи ин манбаъ, як духтарчаи 2-сола , Шаҳрибону Шокирова ва Зоид Тӯхтаев, як марди ҳудудан 50-сола ва корманди нозироти андози Хуҷанд дар ҷои садама ҷон бохта, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шудаанд. Захмишудагон : Меҳрангез Ҳайдарова ва Шӯҳрат Шокаримов, падару модари Шаҳрибонуи дусола ва як марди дигари кӯҳансол буда, ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Ба иттилоъи расмӣ, ронандаи “БМВ”, Фирӯз Ҷалолови 35-сола ва корманди ширкати дару тирезаҳои пластиксозии “Шонлайн” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Бино ба хабари пулис, вай ва ду ҳамроҳаш, як зану марди дигар низ бо ҷараоҳатҳои мухтлиф дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир пулис ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст.

XS
SM
MD
LG