Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Русияву ИМА барои оташбас дар Ҳалаб


ИМА ва Русия дар мавриди ҷорӣ кардани оташбас дар шаҳри Ҳалаби Сурия, ки ахиран дар он амалиёти ҷангӣ ба авҷ расидааст, ба созиш расиданд.

Департаменти давлатии ИМА дар баробари эълони ин созишнома ҳамчунин аз ҳамоҳангсозии чораҳои дуҷонибаи густариши назорати сулҳ дар Сурия хабар медиҳад.

"Муҳим аст, ки Русия бо ҳадафи риояи оташбас фишор ба президент Башор Асадро бештар кунад, дар ҳоле, ки ИМА қисмати масъулияти худро дар робита ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои мухолифи Сурия анҷом медиҳад", - иттилоъ додааст департаменти давлатии ИМА.

Даргирӣ ва тирпарронии шадид дар Ҳалаб - яке аз калонтарин шаҳрҳои Сурия ва дар гузашта яке аз марказҳои тиҷоратии ин кишвар - сарфи назар аз талоши дипломатҳо барои пешгирӣ аз хушунат, ду ҳафта аст, ки идома дорад.

XS
SM
MD
LG