Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор аз ошёнаи 11 то 25-умро фаро гирифт


Дар Остона-пойтахти Қазоқистон дар яке аз биноҳои муҷтамаи Abu Dhabi Plaza сӯхторро хомӯш кардаанд. Дар ин бора Руслан Иманқулов- намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон ба матбуот хабар додааст.

Сӯхтор шабона рух додааст ва он аз ошёнаи 11 то ошёнаи 25-ро фаро гирифтааст. Гурӯҳи сӯхторнишонҳо 150 коргарро аз дохили ин бино берун бурдаанд.

Барои хомӯш кардани оташ 30 мошини сӯхторнишон, 78 нафар сӯхторнишонҳо ва гурӯҳҳои наҷот сафарбар шудаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ сӯхтор аз дастгое рух додааст, ки бо дизел кор мекунад.

Дар бораи бунёди Abu Dhabi Plaza Қазоқистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб соли 2009 дар Остона қарордоди ҳамкорӣ имзо карда буданд. Бино ба ин қарордод, ин муҷтамаъ аз 88 ошёна иборат ва дар Осиёи Марказӣ баландтарин бино хоҳад буд. Бино ба хабарҳо, он 14-мин бинои баландтарин дар саросари ҷаҳон мебошад.

Ин бино дорои меҳмонхонаи чаҳорситорадор, дафтарҳои корӣ, нуқтаҳои савдо ва истгоҳ барои 4100 мошин хоҳад буд. Парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва сабабҳои сӯхтор таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG