Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳои Чин ба 70-солагии хатми ҷанг


Мақомоти Чин ба тантанаҳо бахшида ба 70-солагиии хатми дуввуми ҷаҳон, ки қарор аст рӯзи 3 сентябр бидуни раҳбарони кишварҳои ғарбӣ ва аммо бо ҳузури сарони кишварҳои Осиё ва бархе давлатҳои шӯравии собиқ баргузор шавад, омодагӣ мегиранд. Барои таҳияи барномаи ҷашнӣ бо ҳузури раисиҷумҳури Чин Си Сзинпин садҳо ҳазор чиноиҳо ҷалб карда шудаанд.

Дар паради низомӣ 12 ҳазор афсарону сарбозони чиноӣ ва техникаи муосири ҷангӣ ширкат хоҳанд дошт. Қарор аст, ки тақрибан ҳазор низомии хориҷӣ, аз ҷумла, Русия ҳам дар майдони асосии Пекин саф ороста қадам зананд.

Ба ҷуз Владимир Путин, ки воломақомтарин меҳмони ҷашн маҳсуб мешавад, раҳбарони Покистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Белорус ҳам дар тантанаҳо ҳузур хоҳанд дошт.

Миёни меҳмонони таҷлил аз хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон сарони кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ нахоҳанд буд.

Ҷопон ба ширкати Дабири кулли СММ Бан Ки Мун дар тантанаҳо дар Пекин эътироз кард. Аммо масъулини Созмони Милал далел оварданд, ки Дабири Кулл аз ин пеш дар дигар ҷашнҳои бахшида ба хатми ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Лаҳистон, Украина ва Маскав ҳам ҳузур дошт.

XS
SM
MD
LG