Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе мизбони нишасти сарони СПАД


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе нишасти Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ баргузор мешавад. Ба қавли масъулони дафтари матбуоти ВКХ, дар ин нишаст раисиҷумҳурони Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки алакай Владимир Путин -- раисиҷумҳури Русия дар ҷараёни мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Уфа гуфт, ки моҳи сентябр ба Душанбе меравад ва дар нишасти СПАД иштирок мекунад. Дар канори баррасии тақвияти ҳамкориҳои кишварҳои узв дар чорчӯби СПАД, табодули афкор роҷеъ ба масоили доғи минтақа ва ҷаҳон, ба хусус хатароти ношӣ аз терроризм ва фаъол шудани гурӯҳҳои тундрав, ба мисли “Давлати Исломӣ” дар меҳвари нишасти Душанбе дар моҳи сентябр хоҳад буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар соли 1999, дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико СПД-ро тарк кард.

XS
SM
MD
LG