Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон зилзилаи шадидро пешгӯӣ кард


Қанат Абдураҳмонов-раиси пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Қирғизистон (акс аз бойгонӣ)
Қанат Абдураҳмонов-раиси пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Қирғизистон (акс аз бойгонӣ)

Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон аз хатари заминларза дар ҷануби ин кишвар ҳушдор додааст. Бино ба маълумоти ин сарчашма, зилзила метавонад то ба 9 дараҷаи ҷадвали Рихтер бирасад. Ҳамчунин бештар шудани боронҳои сел ва лағзиши теппаҳо пешгӯӣ мешавад.

Дар хабари ин вазорат омадааст: “Тибқи пешгӯиҳои пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Фарҳангистони улуми Қирғизистон интизор меравад, ки соли 2015 дар ҳамаи қаламрави Қирғизистон марҳилаи навбатии бештар шудани хатари зилзила мушоҳида шавад”.

Дар ин гузориш омадааст, ки бештар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Чин ва вилоятҳои Бодканду Уши Қирғизистон дар соҳаи хатари зилзила ҷойгиранд ва мумкин аст дар ин ҷойҳо зилзилаҳо ба шиддати 7-9 дараҷа рух диҳад.

Дар робита бо ин хабар изҳори назар шудааст, ки нируҳо омодагии пешакӣ дошта бошанд ва битавонанд дар ҳолати зарурӣ зуд ба кӯмак бирасанд.

XS
SM
MD
LG