Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толиби Русия гуфт, ки "хости худо"-ро анҷом медод


Ирек Ҳамидулин
Ирек Ҳамидулин

Ирек Ҳамидулин-раҳбари Толибони Русия баъд аз боздошташ дар Афғонистон гапдаро буд ва 3 август ҳангоми бозпурсӣ гуфт, ки вай “хости худо”-ро иҷро мекард.

Ҳамидулин-фармондеҳи пешини тонк, ки ба ислом гаравида буд ва гӯё ба ҷонибдорӣ аз Толибон меҷангид, нахустин ҷангандаи ҷанги Афғонистон аст, ки дар додгоҳи федеролии Амрико муҳокима мешавад.

Ҳамидулин 55 сола аст ва соли гузашта бо 15 ҷиноят муттаҳам эълон шуд. Вай ҳангоми боздошт дастҳояшро боло бардошт ва ба забони англисӣ ба сарбози амрикоӣ Тодд Маркум гуфт: “Маро накуш, ман шаҳрванди Русия ҳастам”. Тодд вайро аз пояш захмӣ кард.

Боздошти вай дар ҳоле рух дод, ки шӯришиён ба пойгоҳи низомии Лейзо дар вилояти Хуст ҳамла бурданд. Ҳамидулин гуфт: “Ман хости худоро анҷом медиҳам”.

Аз нируҳои амрикоиву афғон касе кушта нашуд. Вале аз миёни шӯришиён танҳо Ҳамидулин зинда монд. Тақрибан 30 нафари дигар кушта шуданд.

Маркум-сарбози амрикоӣ ҳоло 31 сол дорад ва дар Ҳантингтон дар Вирҷинияи ғарбӣ мураббии моҳидорӣ аст. Вай мегӯяд, Ирек Ҳамидулин ҳангоми бозодшт силоҳашро ба замин гузошт ва худро таслим кард.

Интизор меравад, ки мурофиаи додгоҳии вай як ҳафта давом кунад.

XS
SM
MD
LG