Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони Юнон кишварҳои Аврупоро тарсонд


Бинои Бонки Миллии Македония
Бинои Бонки Миллии Македония

Бо наздиктар шудани Юнон ба вартаи муфлисӣ, кишварҳои ҷанубушарқии Аврупо, ки бахши бузурги бонкҳояшон дар дасти қарздиҳандагони Юнон аст, чораҳои муҳофизатиро барои ҳимояти бонкҳояшон мустаҳкам мекунанд. Амонати миллионҳо нафар дар Булғористон, Македония, Албания ва Руминия дар бонкҳое нигаҳ дошта мешавад, ки қарздиҳандагони юнонӣ дар даст доранд ва дар сурати муфлисии Юнон, зарбаи аввалро кишварҳои номбурда мебинанд. Сербистон ва Македония рӯзи 29-уми июн интиқоли пул ба хориҷро маҳдуд карданд. Бонки Марказии Сербистон муомилот бо намояндагиҳои бонкҳои юнонӣ ва моликони онҳоро маҳдуд кард ва назорати бонкҳои тобеъи онҳоро саххтар кард. Бонки Миллии Македония амр додааст, тамоми қарз ва амонатҳои мавҷуд дар бонкҳои Юнон баргардонда шаванд. Ба гуфтаи раиси ин бонк, маҳдуд кардани муомилот бо Афина, роҳи интиқоли пулҳо ба хориҷ аз Македонияро баст. Бар хилофи бонкҳо дар дохили худи Юнон, бонкҳои мутаалиқ ба ширкатҳои ин кишвар дар ҷанубуғарби Аврупо кори маъмулиашонро ва додани пулу қарз ба мардумро идома медиҳанд.

XS
SM
MD
LG