Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Киев мансабдоронро озод кард


Додгоҳи як ноҳияи шаҳри Киев аз судури ҳукми ҳабси ду мансабдори бо иттиҳоми фасод боздоштшуда сарпечӣ кард. Додгоҳи ноҳияи Печераи пойтахти Украина рӯзи 27 март эълом дошт, ки барои ҳабси раиси пешини Хадамоти ҳолатҳои изтирории Украина Сергей Боковский ва муовини собиқи ӯ Васил Стоетский то мурофиаи додгоҳӣ далелҳои кофӣ мавҷуд нестанд.

Рӯзи 25 март полиси Украина ин ду нафарро ҳангоми ҷаласаи ҳукумат, ки аз тариқи телевизион мустақиман намоиш дода мешуд, боздошт кард. Онҳо худи ҳамон рӯз аз мақом барканор шуданд.

Вазири умури дохилиии Украина Арсен Аваков гуфт, ки Сергей Боковский ва Васил Стоетский дар фасоди марбут ба ширкатҳои оффшорӣ гумонбар мешаванд.

Бар пояи қавонини Украина, афроди гумонбарро метавон 72 соат бидуни ҳукуми ҳабс дар боздоштгоҳ нигаҳ дошт, аз ин рӯ, Сергей Боковский ва Васил Стоетский шояд рӯзи 28 март ба хонаҳояшон баргарданд.

XS
SM
MD
LG