Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти майор ба иттиҳоми "миёнаравӣ"


Мақомоти умури дохилии Суғд мегӯянд, як майори комиссариати ҳарбии ин вилоятро ба иттиҳоми "миёнаравӣ" дар қочоқи маводи мухаддир боздошт карда, алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Суғд гуфт, Сироҷиддин Шарифов барои ёрӣ дар пинҳон кардани тақрибан нуҳ кило ҳашиши Шералӣ Ҷалолов - як сокини ноҳияи Рӯдакӣ - дастгир шудааст. Манбаъ афзуд, дар ин қазия Сурайё Маликова, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ даст дошта, барои пинҳон кардани ин миқдор ҳашиш дар манзилаш муттаҳам мешавад.

Сироҷиддин Шарифов, ки дар шуъбаи махсуси комиссариати ҳарбии вилояти Суғд кор мекардааст, дар бозпурсии аввал ба маъмурони пулис гуфта, ки дар ивази ваъдаи пул ба доми фиреб уфтодааст. Ҳоло парвандаи ин се нафар дар дасти баррасӣ дар додситонии нақлиёти Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG