Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастгир шудани як афғон дар Кӯлоб бо афюн


Як шаҳрванди Афғонистон, ки мехост беш аз 40 кило маводи мухаддирро дар Кӯлоб фурӯхта, маблағи онро аз тириқи суратҳисоби электронии бонкии “Ҳавола” ба соҳиби “бор” ба Тахори Афғонистон интиқол диҳад, боздошт шуд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, рӯзи 24 март дар шаҳри Кӯлоб бо анҷоми амалиёти махсуси “таҳвили байналмилалии назоратшаванда”, шаҳрванди 30-солаи вилояти Тахори Афғонистонро бо 40 кило афюн ва ҳероин боздошт карданд. Оҷонсии назорати маводи мухадир то анҷоми пурраи ошкор шудани ҳамлу нақли ин миқдори калони маводи мухаддир аз овардани ному насаби шаҳрванди Афғонистон худдорӣ мекунад.

Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, ҳангоми пурсиш маълум шуд, ки ин шаҳрванди Афғонистон, як манзили зист дар шаҳри Кӯлобро иҷора гирифта ва мехостааст 33 баста афюн ва як кило ҳероинро фурӯхта маблағи, онро аз тариқи суратҳисоби электронии “Ҳавола” ба соҳиби “бор” ба вилояти тахор ирсол дорад. Суратҳисоби "Ҳавола" як навъи хоси интиқоли маблағ мебошад, ки аслан дар миёни кишварҳои исломӣ роиҷ будааст.

Мақомоти интизомии тоҷик ҳоло дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорати корҳои дохилии Афғонистон барои боздошт намудани соҳиби “бор” дар Афғонистон як амалиётро шурӯъ кардаанд. Шаҳрванди боздоштшудаи Афғонистон феълан дар боздоштгоҳи мувақатии Оҷонсии назорати маводи мухаддир нигоҳдорӣ мешавад ва алайҳи вай бо моддаи 200 қисми 4 “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон”, парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

XS
SM
MD
LG