Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" гурӯҳи террористӣ эълон мешавад


Дар Қирғизистон додситонии вилояти Ӯш пешниҳод кардааст, ки “Давлати Исломӣ” ва чанд созмони дигар гурӯҳ ё созмони террористӣ эълон ва фаъолияти онҳо дар қаламрави ин кишвар мамнуъ эълон шавад. Дар ин бора дафтари матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон ба матбуот хабар додааст.

Ба ин феҳрист созмонҳои “Фронтан-Нусра” ё “Ҷабҳат-ан- Нусра”, “Катибат-ал-Имам Бухорӣ”, “Жаннат Ишқларӣ” ва “Давлати исломӣ” дохил шудаанд.

Бино ба хабари додситонӣ, собит шудааст, ки ин созмонҳо бо ташвиқу таҳрики ҷавонон ва фиристодани онҳо ба Сурияву Ироқ машғул будаанд.

Бино ба маълумоти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ, дар давоми солҳои 2012-2014 бештар аз 300 нафар шаҳрвандони Қирғизистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурияву Ироқ рафтаанд ва онҳо дар суфуфи тундравҳои “Давлати Исломӣ” меҷанганд.

XS
SM
MD
LG