Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон интихоботи порлумонӣ баргузор кард


Дар Узбакистон рӯзи 21-уми декабр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Бештар аз 20 миллион нафар мардуми соҳиби ҳаққи раъй барои интихоби 150 вакили Маҷлиси олӣ, палатаи поёнии порлумони Узбакистон сабти ном кардаанд. Мирзо Улуғбек Абдусаломов, раиси Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон гуфт, ки шароит барои “интихоботи озоду одилона ва мувофиқ ба баландтарин меъёрҳои байналмилалӣ” фароҳам карда шудааст. Ҳамаи чаҳор ҳизбе, ки дар интихобот ширкат доранд, яъне Ҳизби либерал-демократ, Ҳизбии мардумии демократӣ, Ҳизби эҳёи миллӣ ва Ҳизби адолат сиёсатҳои Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистонро дастгирӣ мекунанд. Ислом Каримов дар чанд соли ахир бархе аз салоҳиятҳояшро ба порлумон дод, аз ҷумла, Маҷлиси олии Узбакистон ҳақ дорад, ба ҳукумат изҳори нобоварӣ кунад ва ҳизбе, аксари курсиҳои порлумонро дар даст дорад, метавонад, номзад ба мақоми нахуствазирро пешбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG