Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳавопаймои низомии Покистон суқут кард


Нируҳои ҳавоии Покистон мегӯянд,ки 22 ноябр як ҳавопаймои низомии онҳо дар ҷануби кишвар суқут кардааст ва як халабон кушта шудааст. Тариқ Маҳмуд-яке аз фармондеҳони нируҳои ҳавоӣ гуфт, ки ҳавопаймои “Мираж”-и сохти Фаронса тибқи нақша машқҳои низомӣ анҷом медод ва дар маҳале бо номи Гадап дар наздикиҳои шаҳри бандарии Карочӣ ба фалокат дучор шуд.

Аз халабони кушташуда Танвир Аҳмад ном мебаранд. Бино ба гузориши Тариқ Маҳмуд, дар ҷони ҳодиса касе кушта нашудааст ва ё ба касеву дороие зарар нарасидааст.

Мақомоти низомӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд нуқси фаннӣ сабаби суқути ҳавопаймо шудааст. Ба гуфтаи пулис, шоҳидони айнӣ дидаанд, ки қабл аз суқут ҳавопаймо дар ҳаво оташ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG