Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муовини Аҳмадинажод ба зиндон ва ҷарима маҳкум шуд


Аҳмадинажод ва Раҳимӣ (акс аз бойгонӣ)
Аҳмадинажод ва Раҳимӣ (акс аз бойгонӣ)

Муҳаммад Ризо Раҳимӣ, собиқ муовини раисиҷумҳури Эрон, ба зиндон ва пардохти ҷарима маҳкум шуд. Ғуломҳусейн Муҳсинии Эҷей, Додситони кулли Эрон, дар ин бора рӯзи сешанбе ба хабаргузориҳои эронӣ иттилоъ дод ва аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд, зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳукм ҳанӯз расман аз сӯи додгоҳи таҷдиди назар таъид нашудааст.

Аз ин пеш расонаҳои эронӣ навишта буданд, ки Муҳаммад Ризо Раҳимӣ барои фаъолияташ дар замони раёсатҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, дар фасод ва қаллобӣ айбдор мешавад. Ӯ аз соли 2009 то поёни раёсати Аҳмадинажод дар курсии муовини раисиҷумҳури Эрон менишаст. Муҳаммад Ризо Раҳимӣ аз моҳи декабри соли 2013 бо пардохти кафолатпулӣ дар озодӣ ба сар мебурд.

Маҳмуди Аҳмадинажод аз соли 2005 то соли 2013 раисиҷумҳури Эрон буд.

XS
SM
MD
LG