Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маслиҳати БДА ба ронандагон ва сокинони Душанбе


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо дарназардошти омодагиҳо ба солгарди 23-юми истиқлоли Тоҷикистон нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай равуои нақлиёт дар пойтахти кишвар аз 2 то 15 сентябр маҳдуд карда мешавад. Масъулони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ба сокинон маслиҳат медиҳанд, ки аз 2 то 15-уми сентябр бештар аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода карда, аз ҳаракат бо мошинҳои шахсӣ ва хидматӣ худдорӣ кунанд.

Як манбаъ аз бозрасии давлатии автомобили шаҳри Душанбе рӯзи 2-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақсад аз ин машварат пешгирӣ аз тамбашавии нақлиёт дар ҷодаҳои пойтахт дар рӯзҳои таҷлили 23-юмин солгарди Истиқлолият ва нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр ҷашни истиқлолашро ҷашн мегирад. Душанбе рӯзҳои 11-13 сентябр мизбони нишасти солонаи сарони Созмони Шанхай хоҳад шуд. Дар ҳошияи ин нишаст сафари расмии раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон низ анҷом хоҳад ёфт.

Дар рӯзҳои сафарҳои меҳмонони баландпояи хориҷӣ ва баргузориии нишастҳои байналмилалӣ маъмулан ҷодаҳои асосии пойтахти Тоҷикистон барои таъмини ҳаракати амни меҳмонон барои соатҳо баста мешавад. Ин ҳол ҳар дафъа боиси эҷоди мушкил барои равуои сокинон ва ронандагони маҳаллӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG