Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Обама ба Аврупо аз Эстония шурӯъ мешавад


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, сафараш ба Аврупоро шоми рӯзи сешанбе, 2 сентябр, аз Эстония шурӯъ мекунад. Рӯзи чаҳоршанбе мулоқоти ӯ бо раисиҷумҳури Эстония Тоомас Ҳендрик Илвес ва руасои ҷумҳуриҳои Латвия ва Литва ба нақша гирифта шудааст.
Сипас, Обама ба хотири ширкат дар нишасти сарони НАТО озими Бритониё хоҳад шуд. Ин нишаст рӯзҳои 4 ва 5 сентябр дар Уэлс баргузор мешавад.

Сафари Барак Обама ба Аврупо дар ҳоле баргузор мешавад, ки таниш миёни Русия ва Ғарб дар робита ба қазияи Украина ба волотарин нуқтаи худ дар даҳсолаи ахир расидааст. Дигар кишварҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои соҳили Балтик, аз сиёсати берунаи Русия изҳори нигаронӣ мекунанд.

ИМА ва кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо моҳҳои ахир дар вокуниш ба дахолати Маскав ба умури Украина алайҳи бахшҳои молия, саноат ва тиҷорати Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд.

XS
SM
MD
LG