Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилиро дар ватанаш ба бозпурсӣ даъват кардаанд


Михаил Саакашвилӣ
Михаил Саакашвилӣ

Додситонҳои Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини ин кишварро дар чаҳор моҳи гузашта бори дуввум барои бозпурсӣ ба унвони шоҳид даъват кардааст. Дафтари додситонии кули Гурҷистон гуфтааст, ки Саакашвилӣ бояд 28 июл соати 11:00 ба вақти Гурҷистон дар додситонӣ ҳозир мешуд.

Аммо Саакашвилӣ охири соли гузашта баъди хатми давраи раёсати ҷумҳуриаш Гурҷистонро тарк карда буд. Вай ҳамчунин моҳи марти соли 2014 чун шоҳид барои бозпурсӣ даъват шуда буд.

Раиси ҷумҳури пешин мегӯяд, ки вай ба Гурҷистон барои бозпурсӣ роҷеъ ба парвандаи куштори нахуствазири пешин дар соли 2005 ва парвандаҳои дигар бар нахоҳад гашт. Ҷонибдорони вай ин парвандаҳоро интқоми сиёсӣ медонанд.

XS
SM
MD
LG