Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ним тонна маводи мухаддирро оташ заданд


Имрӯз, 24 июл дар шаҳри Душанбе ҳудуди 500 килограм маводи мухаддир сӯзонда шуд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, "маросими сӯзонидани миқдори бузурги маводи мухаддир дар ҳузури комиссияи вижа бо ширкати намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ сурат гирифт." Ба иттилои ин манбаъ, аз ҷамъи маводи сӯзонидашуда 75 киллоро ҳероин, 352 кило ҳашиш, 24 кило афюн ва 28 килояшро канабис ташкил медиҳад. Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар 6моҳи аввали соли ҷорӣ кормандони ин вазорат беш аз 1 тонна маводи мухаддирроба оташ додаанд.

XS
SM
MD
LG