Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази миллии тестӣ давраи бақайдгирии иловагӣ дод


Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон давраи давраи бақайдгирии иловагиро барои довталабон шуруъ кард. Ситора Назарова, масъули Маркази миллии тестӣ рузи 15-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бақайдгирии иловагӣ аз санаи 16 то 30 апрели соли 2014 барои довталабоне, ки дар давраи асосии сабтином аз қайд гузашта буданд, муайян шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин муддат довталабон метавонанд «номгӯи ихтиссосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба андозаи 14 (чордаҳ) сомонӣ иваз намоянд. Аз маблағи муқарраргардида танҳо довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, озод мебошанд». Масъулони маркази миллии тестӣ мегӯянд, сабтиноми иловагии довталаб танҳо дар нуқтаи бақайдгирие, ки ӯ қаблан дар он сабтином шудааст, ба роҳ монда мешавад. Қаблан гуфта мешуд, сабтиноми довталабон аз рӯйи ин низом аз 1-уми марти соли равон то 15 апрел идома кунад. Зимнан, дохилшавӣ ба воситаи маркази миллии тестӣ дар 30 муассисаи олӣ, ба ғайр аз муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, гузаронида мешавад. Маркази миллии тестӣ мегӯяд то 15-уми апрел ҳудуди 50 000 довталабон аз қайд гузаштаанд, ки кластери 5-ум, ки фанни ҳуқуқу тиб ва биологияро дар бар мегирад пешсаф аст. Ин дар ҳолест, ки дар нақшаи маркази тестӣ ба қайд гирифтани то 45 000 довталаб дар назар дошта шуда буд. Қарор аст соли равон ҳудуди 100 ҳазор нафар мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро хатм кунанд.
XS
SM
MD
LG